Апрел 10, 2022 13:46 Asia/Dushanbe
  • Нишастҳои зиёд бо мақомоти кишварҳои арабӣ амалан дастоварде барои режими Исроил надоштааст
    Нишастҳои зиёд бо мақомоти кишварҳои арабӣ амалан дастоварде барои режими Исроил надоштааст

Яке аз паёмадҳои аслии амалиётҳои шаҳодатталабонаи фаластиниҳо, афзоиши интиқодҳо аз кобинаи Нафтали Бенет дар сарзаминҳои ишғолӣ аст.

Дар камтар аз 20 рӯз 5 амалиёти шаҳодатталабона тавассути фаластиниҳо дар сарзаминҳои ишғолӣ анҷом шуд, ки 14 саҳюнист кушта ва ҳудуди 30 нафар низ захмӣ шуданд. Ин амалиётҳо сабаби афзоиши интиқод аз амалкарди кобинаи чархишии Нафтали Бенет ва Яир Лапид шуд, кобинае, ки тоза 9 моҳ аз умри он мегузарад.

Муҳимтарин ваҷҳи интиқодҳо ин аст, ки кобинаи Бенет на танҳо натавонистааст амнияти шаҳрвандони исроилиро афзоиш диҳад, балки бо шиддат бахшидани хушунат алайҳи фаластиниҳо, ба хусус аз тариқи озод гузоштани шаҳракнишинони саҳюнист, заминаи афзоиши ноамниро фароҳам кардааст.

 

Пас аз амалиёти шомгоҳи панҷшанбеи гузашта, ки 3 кушта ва беш аз 14 захмӣ доштааст, корбарони исроилӣ бо интишори тасовири ноамнӣ дар сарзаминҳои ишғолӣ навиштанд: “Сарбозон бо туфангҳову фишангҳои омода дар хиёбонҳои Тел –Авив. Тараддуд дар шаҳр тарснок аст. Исроил 2022. Бенет бирав!”.

Буъди дигари интиқодҳо марбут ба коҳиши ваҷҳаву эътибори режими Исроил, ба хусус дар сатҳи минтақа аст. Шаҳрвандони исроилӣ муътақид ҳастанд, амалиётҳои шаҳодатталабона заъфу нотавонии ошкори дастгоҳҳои амниятии ин режимро дар муқобили гуруҳҳои муқовимат ва мардуми Фаластин исбот кардааст. Такрорпазирии амалиётҳо бидуни ин ки дастгоҳҳои иттилоотиву амниятии режими Исроил битавонанд монеи анҷоми он шаванд, сабаби ин тарзи нигариш дар миёни исроилиҳо шуд, ки фаластиниҳо “тарси худро барои амалиётҳои инчунинӣ аз даст додаанд ва ин барои амнияти режими Исроил хатарнок аст”.

Сеюмин ваҷҳи интиқод аз амалкарди кобинаи Бенет марбут ба ин аст, ки нишастҳои зиёде бо мақомоти кишварҳои арабӣ амалан дастоварде барои режими саҳюнистӣ надоштааст.

Дар рӯзҳои ахир ду нишасти Шарм-уш-Шайх дар Миср ва Нақб дар сарзаминҳои ишғолӣ миёни мақомоти арабӣ ва саҳюнистӣ баргузор шуд, аммо ҳамзамон бо ин нишастҳо 5 амалиёти шаҳодатталабона тавассути фаластиниҳо анҷом шуд. Ба иборати дигар, аз диди мунтақидони кобинаи Бенет, ин нишастҳо ба маҳфиле барои намоишҳои сиёсӣ табдил шуда ва дар айни ҳол азми фаластиниҳоро барои муқовимат дар муқобили режими саҳюнистӣ афзоиш додааст. Зеро яке аз бурундодҳои ин нишастҳо, расидани саҳюнистҳо ба ин бовар буд, ки “муқовимат” ва “иттико ба худ” танҳо роҳи муқобила бо ҷиноятҳои режими Исроил аст.

Ин интиқодҳо сабаб шуд, ки дархостҳо барои барканории Нафтали Бенет аз нахуствазирии режими саҳюнистӣ афзоиш ёбад. Бенёмин Натанёҳу, ки соли гузашта, пас аз 12 сол қудратро ба эътилофи шиканандаи Бенет ва Лапид вогузор карда буд, аз фазои кунунӣ барои пеш бурдани аҳдофи сиёсии худ ва зарба задан ба ин кобина баҳра мегирад.

Истеъфои Идят Силман, узви Кнессет аз ҳизби Имино, аз кабинаи эътилофӣ ва коҳиши шумори курсиҳои эътилофи ҳоким ба 60 курсӣ низ бар иллатҳо афзуда шуда ва умедвории мухолифони кобинаи эътилофӣ барои сарнагунии онро афзоиш додааст.

 

Бар ҳамин асос, Бенёмин Натанёҳу ва ҳазорон ҳаводори ӯ рӯзи чаҳоршанбеи гузашта бо баргузории тазоҳурот дар муқобили мақарри давлати ишғолгар дар Қудси ғарбӣ, хостори истеъфои нахуствазир шуданд.

Натанёҳу тайи суханоне дар ҷамъи тазоҳуроткунандагон, хостори сарнагунии давлат ва ташкили як давлати ростгаро шуд ва афзуд: “Имрӯз, замони иттиҳоди бозгашт ба ватан ва канор гузоштани тамоми бақоёи гузашта барои бозгашт ба урдӯи миллӣ аст”.

Бештар бихонед:


 

Барчасп