Ноябр 24, 2016 17:49 Asia/Dushanbe
  • Дархости Вазорати беҳдошти Яман аз ҷомеаи байналмилалӣ

Мақомоти соҳаи тандурустии Яман бори дигар кӯмаки ҷомеаи байналмилалиро барои таваққуфи ҳамалоти Арабистон зидди мардуми Яман хостор шуданд.

Ба гузориши “Пресс” ТВ, Вазорати беҳдошти Яман аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, бо зери фишор қарор додани Арабистон ҷанги саудиҳоро зидди мардуми Яман мутаваққиф кунад. Вазорати беҳдошти Яман бо таъкид ба мудохилаи ҳарчи зудтари ҷомеаи байналмилалӣ барои кӯмак ва наҷоти беморони Яман, ки бар асари ҷангу таҳримҳои Арабистон зидди Яман дар хатари марг қарор гирифтаанд, ҳушдор дод, марказҳои табобатии ангуштшуморе дар ин кишвар фаъол боқӣ мондаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба камбуди дору дар остонаи таътил қарор доранд.

Режими Оли Сауд сар аз моҳи марти соли 2015 бо ҳимояти Амрико ва бархе кишварҳои арабӣ ба Яман ҳамла кардааст, то Абдурраб Мансур Ҳодӣ, раисҷумҳури мустаъфии ин кишварро ба ҳукумат баргардонад. Ҳамалоти Арабистон ба Яман ҳудуди даҳ ҳазор кушта ва дасти кам се миллион овора бар ҷой гузошта, илова бар он хисороти зиёде ба зерсохторҳои ин кишвар, аз ҷумла бемористону мактабҳо ворид кардааст.

 

Барчасп