Апрел 16, 2022 10:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳи Ироқ: Фаластиниҳои озодихоҳ ба моҳияти саркӯбгаронаи Исроил поён медиҳанд

Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ таъкид кард, фаластиниҳои озодихоҳ ба моҳияти саркӯбгарона ва террористии Тел Авив поён хоҳанд дод.

Ба гузориши Алитҷоҳ, гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ бо судӯри баёнияе ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба намозгузорони фаластинӣ дар Масҷидулақсоро маҳкӯм ва аз мавозеъи кишварҳои арабӣ ва исломӣ дар ин хусӯс интиқод кард.

Гурдонҳои Ҳизбуллоҳи Ироқ дар ин баёния овардааст: Ҳамалоти режими саҳюнистӣ бозтоби дахолати абзорҳои одисозии равобит бо душман барои сокит кардани садоҳои озодае аст, ки барои озодии Қудсу Фаластин аз чанголи саҳюнистҳо талош мекунад.

Дар ин баёния ҳамчунин таъкид шуда, миллати Фаластин ба рағми муздӯрӣ ва ҳамроҳии бархе кишварҳои арабӣ ва исломӣ бо ин ҷиноятҳо алайҳи худ, ҳамчунон дар баробари режими ҷинояткори саҳюнистӣ истодаанд.

Ҳамлаи ваҳшиёнаи рӯзи ҷумъаи низомиёни саҳюнист ба намозгузорони рӯзадори фаластинӣ дар Масҷидулақсои Қудси ишғолӣ вокунишҳо ва маҳкӯмиятҳои бисёреро ба ҳамроҳ доштааст.

 

Барчасп