Таҳлил: Идомаи иқдомҳои Иморот зидди Фаластин
(last modified Wed, 20 Apr 2022 05:12:12 GMT )
Апрел 20, 2022 10:12 Asia/Dushanbe
  • Фаластиниҳо 15-уми майро рӯзи бадбахтӣ  меноманд
    Фаластиниҳо 15-уми майро рӯзи бадбахтӣ меноманд

Иморот дар идомаи иқдомҳои зидди фаластинии худ ва дар миёнаи хушунатҳои рӯзафзӯни режими саҳюнистӣ зидди Фаластиниҳо, ду тасмими дигар дар ҷиҳати тавсиъаи равобит бо ин режим иттихоз кардааст.

Иморот дар ду соли ахир пешгоми тавсиаи равобит бо режими саҳюнистӣ дар ҷаҳони Араб буд. Иморот зимни инки сафорати худро дар  Тел-Авив  ифтитоҳ кард, пазироӣ мақомоти мухталифи Исроил аз ҷумла  Исак Ҳерзук (Isaac Herzog) раиси режим будааст.

Иморот дар айни ҳол ин рӯйкардро дар пеш гирифтааст, ки аз як сӯй кишварҳои дигари арабиро ба оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ тарғиб кунад ва аз сӯйи дигар нишастҳоеро бо ҳузӯри мақомоти саҳюнистӣ ва мақомоти кишварҳои арабӣ, ки равобити типламати бо режим доранд баргузор кунад то тавофуқи Оброҳомро зинда нигаҳ доранд.

Дар ҳамин росто  Иморот дар нишасти Шармул-Шайхи Миср ва ҳамчунин дар нишасти саҳрои  Неқв ҳузӯр доштааст. Идаои Иморот дар ин хусӯс ин аст, ки чунин рӯйкарде ба густариши сулҳ дар минтақа аз ҷумла миёни Исроил ва Фаластин мунҷар хоҳад шуд.

  • Бо ин ҳол ҷанги 11 рӯзаи соли гузашта ҳамлаҳои гоҳ ва бегоҳи режими саҳюнистӣ дар манотиқи мухталифи Ирози ишғолӣ ва Фаластин нишон дод, ки рӯйкарди кишварҳои назири Иморот дар қиболи режими саҳюнистӣ на танҳо сабаби тавсиаи сулҳ нахоҳад шуд балки заминаи ташдиди фишор ва хушунати ин режим алайҳи фаластиниҳоро фароҳам мекунад.

Дар ҳамин росто, аз  ибтидои моҳи мубораки Рамазон токунӯн ҳудуди 17 фаластинӣ тавассути низомиёни исроилӣ ба шаҳодат расида ва хушунати низомиёни ин  режим ба вижа дар Ҷнин  дар шимолӣ Каронаи Бохтари ба авҷ расидааст.

  • Низомиёни исроилӣ ҷумъаи гузашта ба фаластиниҳо дар Масҷидул-Ақсо юриш бурда ва зимни захми кардани беш аз 450 фаластинӣ, беш аз 400 нафарро низ боздошт карданд. Вазорати хориҷаи Иморот юриши рӯзи ҷумъаи гузаштаи низомиёни исроилӣ ба фаластиниҳоро маҳкум кард. Бо вуҷӯди ин ошкор буд, ки ин маҳкумият танҳо як сиёсат эъломи аст ва давлати Иморот дар амал ба гунаи дигаре рафтор хоҳад кард.

Давлати Иморот дар ин хусӯс ду иқдом анҷом дод: Иқдоми нахуст, мувофиқат бо таъсиси шаҳраки яҳудинишин бо зарфияти 8 ҳазор яҳудӣ дар Иморот аст. Ҳамакнӯн 2500 яҳуди дар Иморот ҳузӯр доранд ва Ели  Ебодӣ раиси анҷумани ҷавомеъи яҳудӣ дар Халиҷи Форс, пешбини кард, ки ин теъдод дар панҷ соли оянда 4 баробар хоҳад шуд.

Иқдоми дуввум низ тасмими Иморот барои ширкат дар ҷашни ҳафтоду чаҳорумин солгарди таъсиси режими саҳюнистӣ дар 15-уми моҳи майи соли ояндааст.

  • Фаластиниҳо 15-уми майро рӯзи бадбахтӣ  меноманд ва акнӯн қарор аст Иморот дар ҷашни саҳюнистиҳо дар рӯзи бадбахтӣ  ширкат кунанд то зарбаи ошкори дигаре ба ормон ва манофеъи  Фаластин  ворид кунад.

Ҳарду иқдоми нангини давлати Иморот   аз як сӯй нишон медиҳад ин кишвар ҳамчунон мусамам аст аз фоктури арабият ва исломият дар сиёсати хориҷии худ убур ва дар замини Исроил бозӣ кунад ва аз сӯйи дигар баёнгари бетафовутии давлати Абу Забӣ ба хушунатҳои густардае аст, ки режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо эъмол мекунад.

 

Бештар бихонед: