Апрел 30, 2022 18:31 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати 15 саҳюнист дар амалиёти фаластиниҳо дар як моҳи ахир
    Ҳалокати 15 саҳюнист дар амалиёти фаластиниҳо дар як моҳи ахир

Манбаъи ибри эълом кард 15 саҳюнист дар амалиётҳои як моҳи ахири фаластиниён ба ҳалокат расиданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф бо ҳамла ба мардуми мазлуми Фаластин онҳоро ба шаҳодат расонда ва ё маҷруҳ ва бодошт мекунанд, фаластиниҳо низ дар посух ба ин ҷиноятҳо амалиёти зидди саҳюнистӣ анҷом медиҳанд.

Ба гузориши сомонаи Вой Нет, ҷудо аз амалиёти рӯзи гузашта дар шаҳраки Ариел дар Каронаи Бохтарии руди Урдун, ки ба ҳалокати як низомӣ саҳюнист мунҷар шуд, дар моҳи апрел дар ҷараёни чор амалиёти дигар 14 саҳюнист низ ба ҳалокат расиданд.

Ин дар ҳоле аст, ки амалиётҳои муқовимати фаластиниҳо дар моҳи ҷорӣ бештар дар сарзаминҳои 1948 рух дод, ки барои девори амниятии режими саҳюнистӣ бесобиқа буда аст.

 

Барчасп