Мақоми Ҳизбуоллоҳи Лубнон: Режими саҳюнистӣ дигар қудрати ҷанг бо муқовиматро надорад
-
Мақоми Ҳизбуоллоҳи Лубнон: Режими саҳюнистӣ дигар қудрати ҷанг бо муқовиматро надорад
Раиси фероксиёни вафодори ба муқовимат дар парлумони Лубнон бо ишора ба нақши таъсиргузории Ҳизбуллоҳи Лубнон дар муҳофизат аз амнияти ин кишвар гуфт, режими саҳюнистӣ дигар қудрати ҷанг бо муқовиматро надорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар 22 соли гузашта дунё шоҳид буд, ки ҷунбиши муқовимати исломии Ҳизбуллоҳи Лубнон бо баҳрагири аз таҷҳизоти мухталифи низомӣ ва муқовимат далерона шикастҳои сангин ба артиши мутаҷовизи саҳюнистӣ ворид кард ва дар ҷанги 2000 ва 2006 ду кикасти фаромушнашуданӣ вориди корномаи саҳюнистҳо карда аст.
Муҳаммад Раъд, раиси ферексиёни вафодор ба муқовимат дар парлумони Лубнон бо ишора ба давраи қабл аз муқовимат дар Лубнон, ки режими саҳюнистӣ бо ҳадафи ишғол ба ин кишвар ҳамла мекард, таъкид кард давраи муҳосиботи душман барои ҷанг ва ишғоли Лубнон ба поён расид ва режими ишғолгари Қудс дигар қудрати ҷанг бо моро надорад.
Раъд афзуд: Муқовимат як муъодилаи боздорандагӣ ба саҳюнистҳо таҳмил кард ва онҳо медонанд, ки ҳаргуна иштибоҳи муҳосиботи мунҷар ба ҷанг хоҳад шуд, ки ишғолгарон тавоноӣ вуруд ба онро надоранд.
Раиси ферексиён вафодор ба муқовимат дар парулмони Лубнон ҳамчунин дар бораи охирин таҳаввулоти арсаи Фаластин изҳор кард, Ҳизбуллоҳи Лубнон шона ба шона дар канори бародарони фаластинӣ, ки ҷиҳод ва муқовимат мекунанд ва бо душмани ишғолгар меҷанганд истода аст.
Раъд дар бораи интихоботи парлумони Лубнон, ки қарор аст 15 май соли ҷоӣ баргузор шавад низ гуфт, сарфи назар аз натиҷаи он интихобот ва ҳар нерӯи сиёсӣ, ки қарор аст пирӯз шавад акнун Лубнон ниёзманди талошҳои ҳамоҳанг ва эҷоди як руйкарди миллии муштарак ва дақиқ барои баррасии авомили буҳронҳо ва чигунаги ғалаба бар он барои пешрафти кишвар аст.
Бештари бихонед: