Май 07, 2022 11:51 Asia/Dushanbe
  • Нокомии нерӯҳои саҳюнист дар боздошти муҷриёни амалиёти Ал Од

Бо вуҷуди гузашти чандин соат аз амалиёти истишҳодии El'ad режими саҳюнистӣ ҳамчунон аз боздошти муҷриёни ин амалиёт оҷиз мондааст.

Дар ҷараёни амалиёти муқовиматии панҷшанбешаби фаластиниён ба шаҳраки саҳюнистнишини Ал Од(El'ad )дар шарқи Тел Авив ва 3 саҳюнист ба ҳалокат расида ва 10 саҳюнисти дигар низ захмӣ шуданд.

Ба гузориши Маркази иттилорасонии Фаластин, садҳо нафар аз нерӯҳои низомӣ ва иттилоотии саҳюнист дар манотиқи мухталифи арозии ишғолӣ бавижа шаҳри Тел Авив ва манотиқи муҷовири он мустақар шуда ва амалиёти густардаеро бо кумак гирифтан аз паҳподҳо ва болгардҳо барои ёфтани муҷриёни ин амалиёт оғоз карданд.

Пештар шабакаи саҳюнистӣ «Кан» бо ишора ба амалиётҳои муқовиматии фаластиниён дар арозии ишғолӣ тайи моҳҳои ахир, изъон кард, ин амалиётҳо идомадор хоҳад буд. Дар ҳамин иртибот, ин шабака эълом кард, баровардҳои ниҳодҳои амниятии исроилӣ ҳокӣ аз он аст, ки мавҷи кунунии амалиётҳои муқовиматии фаластиниён то поёни соли 2022 идома хоҳад дошт.

Гурӯҳҳои муқовимати фаластинӣ таъкид доранд, то замоне, ки ҷиноёти саҳюнистҳо дар ҳаққи мардуми Фаластин идома дорад, амалиёти зиддисаҳюнистии мардуми Фаластин низ идома хоҳад дошт.

 

Барчасп