Таъкиди Созмони Миллал бар оғози таҳқиқот дар бораи шаҳодати хабарнигори Алҷазира
Муовини сухангӯи Созмони Миллали Муттаҳид, таҳқиқоти комил дар бораи наҳваи ба шаҳодат расидани Ширини Абу-Оқила хабарнигори Алҷазира ба дасти низомиёни режими саҳюнистиро хостор шуд.
Низомиёни режими саҳюнистӣ бомдоди чаҳошанбе бо юриш ба Ҷинин дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдан, Ширини Абу-Оқила хабарнигори фаластинии шабакаи Алҷазираро дар ҳоле, ки ҷалиқаи хабарнигори ба тан дошт, ба шаҳодат расонданд.
Ба гузориши Садои Хуросон , Фарҳон Ҳақ муовини сухангӯи Созмони Миллал дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кард , мо хоҳони таҳқиқоти комил дар хусӯси кушта шудани ин хабарнигор ҳастем ва дар интизори натоиҷи таҳқиқот хоҳем буд.
Ин мақоми аршади Созмони Миллал изҳор дошт: Мо хоҳони анҷоми таҳқиқоти мустақил ва шафоф дар мавриди кушта шудани ӯ ҳастем ва масуният аз муҷозот бояд поён ёбад.
Вазорати беҳдошти ташкилоти худгардони Фаластин бо эъломи хабари шаҳодати Ширини Абу-Оқила тасреҳ кард: Ин хабарнигор замони пушиши хабарии юриши саҳюнистҳо ба урдӯгоҳи Ҷинин дар шимоли Каронаи ғарбӣ аз ноҳияи сар ҳадафи исобати гулӯлаи низомиёни саҳюнисти қарор гирифт ва кушта шуд.
Бештар бихонед: