Май 12, 2022 13:52 Asia/Dushanbe
  • Мо хоҳони анҷоми таҳқиқоти мустақил ва шафоф дар мавриди кушта шудани ӯ ҳастем ва масуният аз муҷозот бояд поён ёбад
    Мо хоҳони анҷоми таҳқиқоти мустақил ва шафоф дар мавриди кушта шудани ӯ ҳастем ва масуният аз муҷозот бояд поён ёбад

Муовини сухангӯи Созмони Миллали Муттаҳид, таҳқиқоти комил дар бораи наҳваи ба шаҳодат расидани Ширини Абу-Оқила хабарнигори Алҷазира ба дасти низомиёни режими саҳюнистиро хостор шуд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ бомдоди чаҳошанбе бо юриш ба Ҷинин дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдан, Ширини Абу-Оқила хабарнигори фаластинии  шабакаи Алҷазираро дар ҳоле, ки ҷалиқаи хабарнигори ба тан дошт, ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши Садои Хуросон , Фарҳон Ҳақ муовини сухангӯи Созмони Миллал дар  ҷамъи хабарнигорон таъкид кард , мо хоҳони таҳқиқоти комил дар хусӯси кушта шудани ин хабарнигор ҳастем ва дар интизори натоиҷи таҳқиқот хоҳем буд.

Ин мақоми аршади Созмони Миллал изҳор дошт:  Мо хоҳони анҷоми таҳқиқоти мустақил ва шафоф дар мавриди кушта шудани ӯ ҳастем ва масуният аз муҷозот бояд поён ёбад.

Вазорати беҳдошти ташкилоти худгардони Фаластин бо эъломи хабари шаҳодати Ширини Абу-Оқила тасреҳ кард: Ин хабарнигор замони пушиши хабарии юриши саҳюнистҳо ба урдӯгоҳи Ҷинин дар шимоли Каронаи ғарбӣ аз ноҳияи сар ҳадафи исобати гулӯлаи низомиёни саҳюнисти қарор гирифт ва кушта шуд.

Бештар бихонед:

 

 

 

Барчасп