Май 12, 2022 17:33 Asia/Dushanbe
  • Маросими пайкари Ширин Абуоқила хабарнигори Алҷазира дар Каронаи Бохтарӣ
    Маросими пайкари Ширин Абуоқила хабарнигори Алҷазира дар Каронаи Бохтарӣ

Пайкари шаҳида Ширин Абуоқила хабарнигори фаластинии шабакаи телевизионии Алҷазира бо ҳузури густардаи мардум ва мақомоти мақомоти Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдун ташиъ шуд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ дирӯз чоршанбе бо юриш ба урдугоҳи Ҷанин дар сарзаминҳои ишғоли Ширин Абуоқила хабарнигори фаластинии шабакаи хабарии Алҷазираро бо зарби гулула ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши ИРНА, ба нақл аз расонаҳои фаластинӣ пайкари Шини Абуоқила хабарнигори фаластинии шабакаи Алҷазира имрӯз панҷшанбе аз бемористони шаҳри Ромаллоҳ ба беморисони фаронсавӣ дар шаҳри ишғолии Қудс мунтақил шуд.

Бар асоси ин гузориш пайкари хабарнигори Алҷазира асри фардо ҷумъа пеш аз хоксупори дар канори волидайнаш ба калисои руми котолик дар Бобулхалил мунтақил хоҳад шуд.

Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин дар маросими ташиъи пайкари Ширин Абуоқила гуфт: Мо ба муҷримон эътимод надорем ва фавран ба додгоҳи кайфарии байналмиллалӣ муроҷеъа хоҳем кард.

Маҳмуд Аббос ишғолгарони ислроилиро масъули комили терори Ширин Абуоқила дониш ва таъкид кард: Ин хабарнигор ҷони худро дар дифоъ аз миллати худ фадо кард ва ӯ садои содиқона ва миллӣ буд, ки дарду ранҷи шаҳидон ва асирон дар Алақсо ва урдугоҳҳо ва таҳасунҳо ва низ ахбори юришҳои саҳюнист ба шаҳрҳои фаластиниро бозтоб дод.

Дар ин маросим нахуствазири ташкилоти худгардон ва аъзои кумитаҳои иҷроӣ ва марказии созмони озодибахши Фаластин ва ҷунбиши Фатҳ ва масъулони баландпояи лашкарӣ ва кишварии ташкилоти худгардон ва теъдоди аз дипломатҳо ва олимонӣ дини ва хабарнигорони ва ҳамкорони Ширин Абуоқила ва намояндагони гуруҳҳо ва ниҳодҳои расмӣ ва мардумии Фаластин ҳузур доштанд.

 

Барчасп