Дастури волии Талъафар ба диишиҳои хориҷӣ: Фирор кунед!
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i8572-Дастури_волии_Талъафар_ба_диишиҳои_хориҷӣ_Фирор_кунед!
Волии ДИИШ дар Талъафар, дастури фирори афроди хориҷии ин гурӯҳи террористӣ ба самти Сурияро содир кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 26, 2016 14:10 Asia/Dushanbe
  • Дастури волии Талъафар ба диишиҳои хориҷӣ: Фирор кунед!

Волии ДИИШ дар Талъафар, дастури фирори афроди хориҷии ин гурӯҳи террористӣ ба самти Сурияро содир кард.

Як манбаи маҳаллӣ дар устони Найнаво хабар дод, волии ДИИШ дар Талъафар, ки шахсе хориҷӣ аст, ҳамаи аносури ин гурӯҳи террористиро дар масҷиде дар мантиқаи «Ҳасан Куи» дар маркази Талъафар ҷамъ кард ва аз аносури хориҷӣ хост, даргирӣ бо неруҳои ироқиро раҳо кунанд ва аз самти Албиъоҷ, ба Сурия бираванд.

Ин манбаъ ба шабакаи Ал-Сумирия гуфт, волии Талъафар сипас аз мардум хост, худашон аз шаҳрашон дифоъ кунанд!, зеро аксари афроди ДИИШ аз ҷабҳаи даргирӣ бо неруҳои ироқӣ фирор карданд.

Ин манбаъ, ки хост номаш фош нашавад, хотирнишон кард, афроди хориҷӣ ва маҳаллии ДИИШ дар Талъафар, ба шиддат бо якдигар ихтилоф пайдо кардаанд ва барои тақсими сарватҳои ДИИШ дар ин минтақа, миёни онон кишмакаш афтодааст.

Вай афзуд, ин мавзӯъ мумкин аст, ҳамзамон бо наздик шудан неруҳои ироқӣ ба Талъафар, ба даргирии мусаллаҳона миёни диишиҳои хориҷӣ ва маҳаллӣ табдил шавад.

Гуфтанист, ки поксозии Талъафар, дар чорчӯби амалиёти озодсозии Мӯсил, ба басиҷи Ироқ вогузар шудааст.