Май 17, 2022 19:33 Asia/Dushanbe
  • Тирандозии саҳюнистҳо ба тарафи як ҷавони фаластинӣ дар Ноблус
    Тирандозии саҳюнистҳо ба тарафи як ҷавони фаластинӣ дар Ноблус

Манобеъи расонаҳо эълом карданд низомиёни режими саҳюнистӣ ба тарафи як ҷавони фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ руди Урдун тирандози карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алҷазира, низомиёни саҳюнистӣ сешанбе ба арафи ҷавони фаластинӣ дар наздикии посгоҳи бозрасии Ҳавора дар ҷануби Ноблус тирандози карданд.

Расонаҳои режими саҳюнистӣ муддаи шуданд ин ҷавони фаластинӣ қасди иҷрои амалиёти муқовимати дошта аст.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин эълом кард ин ҷавони маҷруҳи фаластинӣ бо як мошини ёрии таъҷили ба бемористон мунтақил шуд ва вазъияти бад дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки гурҳҳои муқовимати Фаластин дар вокуниш ба ҷиноятҳои ахири режими саҳюнистӣ дар Каронаи Бохтарӣ эълом карданд муқовимати фарогир танҳо гузинаи боздоранда дар баробари душмани саҳюнистӣ аст.