Оғози тарҳи оштии миллӣ дар атрофи Димишқ
Тарҳи оштии миллии Сурия дар шаҳри Хон Ашшайх, дар ҷануби Димишқ, бо кушодани гузаргоҳҳову таҳвили силоҳҳо аз сӯйи террористҳо оғоз шуд.
Ба гузориши ИРНА, афроди мусаллаҳ ва террористҳо бо артиши Сурия тавофуқ кардаанд, ки силоҳҳои сабуку сангин ва таҷҳизоти низомии худро таҳвил диҳанд ва мутобиқи дастури раёсати ҷумҳурии Сурия ба вазъи онҳо расидагӣ шавад.
Ҳамчунин касоне, ки хоҳони хуруҷ аз шаҳри Хон Ашшайш ҳастанд, аз фардо (душанбе) ба вилояти Идлиб, шимоли Сурия, пойгоҳи мухолифони ин кишвар мунтақил хоҳанд шуд.
Пас аз тасаллути артиши Сурия бар гузаргоҳҳои аслии шаҳри Хон Ашшайх ва тангтар шудани муҳосираи шаҳр, террористҳо хоҳони пайвастан ба тарҳи оштии миллӣ ва бозгашти шароити зиндагӣ ба ҳолати оддӣ шуданд.
Гузоришҳое низ дар бораи музокираи террористҳо бо артиши Сурия барои хуруҷ аз вилояти Даръо, дар ҷануб ва ё вилояти Идлиб, дар шимоли Сурия мунташир шудааст.
Дар ҳамин ҳол, маркази мавсум ба Дидабони ҳуқуқи башари Сурия эълом кард, ҳудуди 400 нафар аз ғайринизомиён аз шарқи Ҳалаб, ки таҳти ишғоли террористҳо аст, фирор кардаанд. Бо тасаллути артиши Сурия дар шаҳраки роҳбурдии Ҳнону, дар шарқи Ҳалаб, ғайринизомиён, ки дар асорати гурӯҳҳои террористӣ буданд, ба самти ин шаҳрак гурехтанд.
Артиши Сурия дирӯз минтақаи роҳбурдии Ҳнону ва манотиқи атрофи онро аз ишғоли террористҳо озод кард. Ин минтақа аз соли 2012 дар ишғоли гурӯҳҳои террористӣ буд.
Террористҳо ҳамвора аз хуруҷи шаҳрвандони сурии сокини манотиқи шарқии Ҳалаб ҷилавгирӣ ва аз онҳо ба унвони сипари инсонӣ истифода мекунанд.