Май 28, 2022 14:05 Asia/Dushanbe
  • Фирори низомиёни саҳюнист аз шаҳри Ҷенин дар пайи муқовимати фаластиниҳо

Низомиёни саҳюнист пас аз юриш ба Ҷенин бо муқовимат ва муқобилаи мусаллаҳонаи фаластиниҳои сокини шаҳр маҷбур ба фирор ва ақибнишинӣ шуданд.

Ба гузориши пойгоҳи фаластинии Маъо, низомиёни саҳюнист рӯзи  ҷумъа ба шаҳри Ҷенин юриш бурданд, ки бо муқовимати шадиди ҷавонони фаластинӣ рубару шуданду низомиёни режими саҳюнистӣ пас аз ин даргирӣ ва тирандозӣ ба самти онҳо бо хифат ва бидуни инки муваффақ ба боздошти касе шаванд аз шаҳри Ҷенин ақибнишинӣ карданд.

Маобеи маҳаллӣ эълом карданд, даҳҳо худрави зиреҳии режими саҳюнистӣ ҳомили низомиёни ишғолгар ба шаҳри Ҷенин юриш бурданд.

Ҷенин ба конуни аслии даргириҳои муқовимати Фаластин бо ишғолгарони исроилӣ дар Каронаи Бохтарӣ табдил шудааст. Режими саҳюнистӣ ба тозагӣ аз эҳтимоли ҳамлаи низомии густарда ба ин шаҳр барои ворид кардани «зарбаҳои сахт» ба муқовимати Фаластин хабар дода буданд.

Низомиёни режими саҳюнистӣ дар идомаи юришу таҷовуз ба Каронаи Бохтарӣ саҳаргоҳи ҷумъа дар ду амалиёти ҷудогона чаҳор фаластиниро дар Қудси ишғолӣ боздошт карданд.