Ноябр 27, 2016 19:52 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҷиноёти режими саудӣ зидди ғайринизомиён дар Яман

Ғайринизомиёни яманӣ ҳамчунон дар ҳамалоти ҷангандаҳои саудӣ ба манотиқи маскунии ин кишвар қурбонӣ мешаванд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи шабакаи телевизионии “Алолам”, дар ҳамлаи мутаҷовизони саудӣ ба рустое дар шаҳри Салу, дар вилояти Таиз, ҷануби ғарби Яман, ду нафар, аз ҷумла як кӯдак ҷон бохтанд.

Ҳамалоти ҳавоии мутаҷовизони саудӣ ба шаҳри Махо дар Таизи Яман ҳам боиси қатъи шабакаҳои телефонии ин шаҳр шуд.

Ҳамлаи ҷангандаҳои саудӣ дар шарқи Ҳадида, дар ғарби Яман низ ба шаҳид шудани 11 нафар ва захмӣ шудани ҳашт нафар мунҷар шуд, ки дар миёни масдумон, занону кӯдакон низ дида мешаванд.

Хабари дигар аз Яман ин аст, ки ҷангандаҳои саудӣ ду бор минтақаи Алҷуф, шимоли Яманро ҳадаф қарор доданд, ки хисороте ба манозили мардум ворид шуд.

Ҳамчунин нерӯҳои муштараки Яман дар посух ба ҷиноёти саудиҳо, бо ҳамла ба мавозеи нерӯҳои муздур дар шаҳри нуҳуми вилояти Санъо, теъдоде аз ононро ба ҳалокат расонданд.

Ягонаҳои мушакии артиши Яман ҳам гурӯҳе аз муздурони саудӣ ва худравҳои низомии ононро дар вилояти Алҷуф мавриди ҳадаф қарор доданд, ки ба ҳалокату захмӣ шудани шуморе аз онон анҷомид.

 

Барчасп