Июн 05, 2022 16:43 Asia/Dushanbe
  • Ҳамос: Муқовимати фарогир танҳо роҳи озодсозии Фаластин аст
    Ҳамос: Муқовимати фарогир танҳо роҳи озодсозии Фаластин аст

Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин "Ҳамос" эълом кард муқовимати фарогир танҳо роҳи гирифтани ҳуқуқ ва озодсозии сарзамини Фаластин ва муқаддасот аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Шаҳоб, ҷунбиши Ҳамос дар баёнияе ба муносибати панҷовупанҷумин солгарди таҳоҷуми режими саҳюнистӣ дар соли 1967 таъкид кард муқовимат қударти худро барои мутаҳид кардани миллати Фаластин дар ҳамаҷо ва маҳори ишғолгарон ва муқобила бо мутаҷовизон ва воруна кардани муъодилоти руёрӯӣ бо ишғолгарон собит кард ва муқовимати фарогир танҳо роҳи барои таҳаққуқи ҳуқуқ ва озодсозии сарзамини Фаластин ва муқадасот аст.

Дар баёнияи Ҳамос омада аст ҷиноятҳои ишғолгарон ва кушторҳо ва таҷовузгарии доими онҳо зидди сарзамин, миллат ва муқаддасот ва дар садри онҳо Қудс ва Масҷидулақсо боиси таъмини амният ва ҳокимияти идаои бар як ваҷаб аз ин сарзамин нахоҳад шуд ва ишғолгарон нахоҳанд тавонист азм ва иродаи миллати Фаластинро дарҳам бишкананд ва миллати Фаластин ба муборизаи машруъи худаш барои таҳаққуқи ҳамаи ҳуқуқи миллат идома хоҳад дод.

Ҳамос дар ин баёния хостори талош барои таҳаққуқи ваҳдати миллӣ ва широкати воқеъи байни ҳамаи фаластиниҳо бар асоси барномаи муборизоти мубтани бар муқовимат шуд ва афзуд: Бояд аз ҳуқуқ, усул ва муқуддасоти миллати Фаластин дифоъ кард ва ҳар талоши барои эҳёи фароянди пучи созиш ҳеҷ суди нахоҳад дошт ва омилони он ба натиҷаи ҷуз ноумеди ва шикаст нахоҳанд расид.

Ҳамсо хостори канор гузоштани масири одисозии равобит бо душмани саҳюнистӣ шуд ва афзуд: Ҳаракат дар ин масир хато аст фақат ба фоидаи ишғолгарон аст ва боиси шиддати терроризми он зидди миллат, сарзамин ва муқадасоти Фаластин мешавад ва заминаи нуфуз дар амнияти миллии арабӣ исломиро фароҳам мекунад ва ба суботи он ва манофеъи миллатҳо осиб мерасонад.

 

Барчасп