Саъудиҳо 64 мартаба оташбаси Алҳадидро нақз карданд
-
Саъудиҳо 64 мартаба оташбаси Алҳадидро нақз карданд
Манобеъи яманӣ хабар доданд эътилофи мутаҷовизи саъудӣ 64 мартаба оташбас дар устонҳои Алҳадидро нақз карда аст.
Бар асоси ин гузориш ин дар ҳоле аст, оташбас дар дигар устонҳои Яман низ тавассути эътилофи саъудӣ нақз мешавад.
Пештар Алӣ Алқаҳум, узви сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман дар гуфтугӯ бо сомонаи Алаҳд ба Арабистои Саъудӣ дар бораи идомаи нақзи оташбас ҳушдор дод ва таъкид карда буд, нерӯҳои мусаллаҳи Яман дар баробари ин таҷовузот ҳаргиз даст баста боқи нахоҳад монд ва дар посух ба нақзи пай дар пайи оташбас аз сӯи Арабистон гузинаҳои бисёриро дар ихтиёр доранд. Алқаҳум афзуд: Нерӯҳои мусаллаҳи Яман намунаи силоҳи роҳбурдиро сохтанд, ки дар сурати идомаи таҷовузот имкони истифода аз он зидди Арабистони Саъудӣ вуҷуд дорад.
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти соли 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ дарёӣ ва ҳавоӣ ин кишвар карда аст, ҷангафрузии Арабистон ва мутаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта ва захми шудани садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии 4 миллион нафар мунҷар шуда аст.
Бештар бихонед:
Вазорати дифои Яман: Англия дар ҷанг алайҳи Яман мушорикати мустақим дорад
Сухангӯи нирӯҳои мусаллаҳи Яман: Арса бар ҷангандаҳои Арабистон дар осмони Яман тангтар мешавад