Июн 10, 2022 08:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи кибернитекии шадид ба зерсохтҳои режими саҳюнистӣ

Зерсохтҳои режими саҳюнистӣ бори дигар ҳадафи ҳамалоти кибернитекии шадид қарор гирифт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, канали телеграмии Собирин ниюс рӯзи панҷшанбе аз ҳамлаи кибернитекии шадид аз сӯи як тими ироқӣ алайҳи зерсохтҳои режими саҳюнистӣ ва ҳак шудани сомонаи муомилотии биржаи Тел-Авив хабар дод ва навишт: Ин сомона аз дастрас хориҷ шудааст . Ин чандумин бор аст, ки вебгоҳҳо ва серверҳои ҳукуматии режими саҳюнистӣ аз мабдаи Ироқ ҳадафи ҳамлаи кибернитекӣ қарор мегиранд .

Пеш аз ин низ тими кибернитекии мавсум ба « Аттоҳира » Ироқ бо шиори « Ёсороти Абумаҳдӣ Алмуҳандис » ҳамлаи густардае ба зерсохтҳои бахши ҳамлу нақли режими саҳюнистӣ анҷом дод ва бузургтарин ширкати нақлиётии режими саҳюнистиро аз кор андохт .
Ҳакерҳои ироқӣ дар ду рӯзи пайдарпай вебсайт ва серверҳои фурудгоҳи Бен Гурион дар Тел-Авив ва вебгоҳи банки « Исроил »-ро аз дастрас хориҷ карданд ва гуруҳи мавсӯм ба « Аттоҳира » зимни бар ӯҳда гирифтани масъӯлияти ҳамлаи кибернитикӣ ба пойгоҳҳо ва серверҳои режими саҳюнистӣ эълом кард: Пойгоҳи иттилоърасонии канали 9 телевизиони режими саҳюнистиро низ ҳадафи ҳамлаи кибернитикӣ қарор додааст .