Июн 10, 2022 20:04 Asia/Dushanbe
  • Сайид Ҳасан Насруллоҳ: Иқдомоти Исроил дар майдони газии “Кореш” нақзи ҳокимияти Лубнон аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон панҷшанбешаб бо таъкид бар ин ки иқдомоти Исроил дар майдони газии “Кореш” нақзи ҳокимияти Лубнон аст, гуфт: Муқовимат қатъан аз қудрати низомиву амниятӣ барои боздоштани душмани саҳюнистӣ аз истихроҷи нафту газ аз майдони “Кореш” бархӯрдор аст.

Режими саҳюнистӣ рӯзи якшанбе бо таҷовуз ба ҳарими дарёии Лубнон, як сакӯи газӣ дар баҳри Миёназамин мустақар кард. Режими саҳюнистӣ қарор аст ба василаи ин сакӯ аз майдони газии “Кореш”, воқеъ дар обҳои сарзаминии Лубнон нафту газ истихроҷ кунад.

Ин иқдоми режими саҳюнистӣ бо вокуниши шадиди мақомоти лубнонӣ мувоҷеҳ шудааст.

Ба гузориши хабаргузории “Эрон Пресс”, Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон панҷшанбешаб бо таъкид бар ин ки набояд иҷоза дод душман кори истихроҷ аз майдони “Кореш” -ро оғоз кунад, хотирнишон кард, режим саҳюнистӣ наметавонад ин сакӯи шиноварро муҳофизат ва раванди истихроҷро ҳифз кунад.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ  дар идома гуфт: лубнониҳо дар муқобили душмане ҳастанд, ки қатъномаҳои байналмилалиро ба расмият намешиносад ва танҳо мантиқе, ки аз он табаият мекунад, мантиқи зӯр аст ва бо ҳамин роҳ буд, ки ин режим аз борикаи Ғазза хориҷ шуд.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ бо баёни ин ки манобеи газӣ ва нафтии мавҷуд дар обҳои Лубнон танҳо умеди боқимонда барои наҷоти ин кишвар дар арсаи иқтисодӣ аст, афзуд: Муқовимати муқтадир дар Лубнон наметавонад дар муқобили ғорату чаповули сарватҳои ин кишвар дастбаста биншинаду дастбаста ҳам нахоҳад нишаст.

Вазорати хориҷаи Лубнон дар солҳои ахир чандин бор аз режими саҳюнистӣ ба далели нақзи ҳарими дарёӣ, ҳавоӣ ва заминии Лубнон ба Созмони Милали Муттаҳид ва Шурои амният шикоят кардааст.

Лубнон ҳамвора аз ҷомеаи байналмилалӣ дархост карда то ба режими саҳюнистӣ дар иртибот бо ин таҷовузҳо ҳушдор додаву монеъ аз идомаи онҳо шаванд.

 

 

Барчасп