Июн 11, 2022 12:52 Asia/Dushanbe
  • Долларҳои Саудӣ барои ҳукумати Толибон

Арабистони Саудӣ бо инки ҳамчунон ҳукумати Толибонро ба расмияти нашинохта, эълом кард, 30 миллион доллар ба ин ҳукумат кумак мекунад.

Арабистон ки аз ҳомиёни аслии ташкили гурӯҳи Толибон дар Афғонистон аст, эълом кард, барои пешбурди барномаҳои давлати Толибон  30 миллион доллар дар ихтиёри ин гурӯҳ қарор медиҳад. Ҳукумати Толибон ба далели масдӯд шудани дороиҳои Афғонистон пас аз тасаллути ин гурӯҳ бар кишвар, бо мушкилоти молии фаровоне рӯбарӯ аст.

Абдулқаҳҳор Балхӣ, сухангӯи вазорати хориҷаи Толибон дар паёме бо истиқбол аз кӯмаки молии Арабистон ба Толибон ибрози умедворӣ кард, ин кӯмакҳо сабаби густариши равобит миёни Кобул ва Риёз шавад.

Балхӣ гуфт, Арабистони Саудӣ ҳамвора дар шароити душвор дар канори мардуми Афғонистон истодааст ва умедворем ин иқдом сабаби тақвияти бештари равобит миёни ду тараф шавад. Кӯмакҳои Саудӣ қарор аст дар бахшҳои беҳдошт, омӯзиш ва амнияти ғизоии Афғонистон ҳазина шавад.

Ин кӯмакҳо дар ҳоле анҷом мешавад, ки Созмони Милали Муттаҳид ба тозагӣ эълом кардааст, пас аз қудрат гирифтани дубораи Толибон 90 дарсад шаҳрвандони Афғонистон зери хати фақр қарор гирифтаанд.

 

Барчасп