Эътилофи саудӣ 45 мартаба оташбас дар Алҳудайдаро нақз кард
Июн 13, 2022 11:14 Asia/Dushanbe
Манобеи яманӣ аз идомаи нақзи оташбас дар устони Алҳудайда, воқеъ дар ғарби Яман, тавассути эътилофи мутаҷовизи саудӣ хабар доданд.
Ба гузориши рӯзи душанбеи “Алмасира”, як манбаъ дар утоқи амалиёти афсарони иртибот эълом кард, Эътилофи саудӣ тайи шабонарӯзи гузашта 45 мартаба оташбас дар Алҳудайдаро нақз кард.
Ин дар ҳоле аст, ки порлумони Яман ҳам пеш аз ин нақзи густардаи оташбаси эъломшуда аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид аз сӯи Эътилофи мутаҷовизи саудиро маҳкум кард.
Бештар бихонед: