Давлат танҳо марҷаи ҳаллу фасли буҳронҳост
Муовини дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон хостори тасреъ дар ташкили давлат шуд ва таъкид кард, давлат танҳо марҷаи ҳалу фасли буҳронҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ аст.
Ба гузориши Ал Манор, Шайх Наим Қосим дар дидор бо аъзои Шӯрои уламои Лубнон, зимни ибрози хурсандӣ аз натоиҷи интихоботи порлумонии ин кишвар гуфт, Лубнон вориди марҳалаи ҷадиде аз суботи сиёсӣ хоҳад шуд ва ин субот баргирифта аз иқдомоти мардум дар ду соли ахир аст.
Шайх Наим Қосим бо таъкид бар инки намояндагони мунтахаби порлумони Лубнон масъулияти бузурге доранд, афзуд, масаълаи фаврӣ ва зарурӣ барои мо интихоби нахуствазир ва ташкил давлат аст, мо хоҳони ташкили фаврии давлат бо ҳамкории ҳамаи гуруҳҳои ва шахсиятҳои ҳозир дар маҷлис ҳастем.
Вай бо баёни инки аввалин маъмурияти давлат ин аст, ки тарҳи эҳё ва наҷотро дар масири амалӣ ва иҷроии худ қарор диҳад ва масир барои муваффақияти он муҳайё бошад, ибрози умедворӣ кард, зеҳният ва гароиши миллӣ бар давлат ҳоким бошад ва на тақсими дастовардҳо, чаро ки арзиши ҳар дастоварде замоне маълум мешавад, ки дар чорчӯби наҷоту пешрафти кишвар санҷида шавад ва ин бидуни истисно ба нафъи ҳамагон аст.
Лубнон бо буҳрони шадиди иқтисодӣ ва сиёсӣ дасту панҷа нарм мекунад. Набуди сӯхт ва афзоиши қимати доллар ба хусӯс пас аз инфиҷори маҳиби бандари Бейрут дар соли гузашта мӯҷиби ташдиди ин мушкилот шуд.