Июн 18, 2022 11:25 Asia/Dushanbe
  • 103 бор нақзи оташбаси Яман аз сӯи Эътилофи саудӣ

Манобеи яманӣ хабар доданд, нерӯҳои Эътилофи мутаҷовизи саудӣ 103 бор оташбаси Яманро нақз карданд.

Ба гузориши Ал Масира, нерӯҳои Саудӣ дар шабонарӯзи гузашта бо анҷоми парвозҳои таҷассусӣ ва шиносоӣ бар фарози устонҳои Маариб, Ҳаҷҷа, Ал Ҷавф, Таъиз, Саъда ва меҳварҳои марзӣ оташбаси Созмони Милали Муттаҳидро нақз карданд.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои Эътилофи саудӣ мавозеъи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумии Яманро ҳадафи ҳамалоти сангини тӯпхона, ракетӣ ва хумпора қарор доданд.

Ҳамчунин дар ҳамалоти тӯпхонаии нерӯҳои Эътилофи саудӣ ба устони Саъда воқеъ дар шимоли ин кишвар як навзоди кушта ва 2 зан захмӣ шуданд.

Нақзи оташбаси Яман аз сӯи Эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар ҳоле сӯрат мегирад, ки ба дунболи ройзаниҳои Созмони Милали Муттаҳид барои тамдиди дубораи он, дар ниҳоят панҷшанбеи ду ҳафтаи гузашта барои ду моҳи дигар тамдид шуд.

Пештар Меҳдӣ Ал Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд, оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути Эътилофи саудӣ тақрибан аз байн рафтааст.

Арабистон бо ҳимояти Амрико, Иморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст. Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман токунӯн ба кушта шудани беш аз 16 ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафару оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп