Июн 21, 2022 18:00 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Ҳамос ба инҳилоли парлумон: Режими саҳюнистӣ суст ва заиф аст
    Вокуниши Ҳамос ба инҳилоли парлумон: Режими саҳюнистӣ суст ва заиф аст

Сухангӯи  ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин дар вокуниш ба фурупошии кобинаи эътилофи режими саҳюнистӣ ва инҳилоли парлумон ин режимро заиф хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон Нафтоли  Бенет, нахуствазир ва Ёир Лопип, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ душанбе шаб бар сари инҳилоли парлумони режими саҳюнистӣ ва баргузории интихоботи зудҳангом тавофуқ карданд.

Фузи Барҳум, сухангуи ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин рӯзи сешанбе гуфт: Фурупошии кобинаи эътилофи Нефтоли Бенет далели бар сусти ва заифии режими саҳюнистӣ ва сохтори дохилии он аст.

Барҳум афзуд: Ин итифоқ яке аз мазоҳири истодагии миллати Фаластин, қудрати муқовимт ва сардаргум кардани режими саҳюнистӣ, шикати иродаи он ва низ пешигири аз таҳаққуқи аҳдофа аст.

Дар ҳамин иртибот Омнун Ибромович таҳлилгари шабакаи 12 режими саҳюнистӣ дар бораи ин тасмим таъкид кард бо равиши интихоботи кунуни мо амалан гом ба гом ба самти аз байн бурдани Исроил ҳаракат мекунем.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ пас аз эъломи тавофуқ бар сари инҳилоли парлумон изон кард, Исроил дар остонаи вуруд ба ҳарҷу марҷ қарор дорад.