Июн 21, 2022 19:30 Asia/Dushanbe
  • Кабинаи эътилофии саҳюнистҳо фурӯ пошид

Нахуствазир ва вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ барои барҳам додани Кнессет (порлумон) ва баргузории интихоботи зудҳангом дар Фаластини ишғолӣ ба тавофуқ расиданд.

Эътилофи ҳоким дар кабинаи режими саҳюнистӣ ахиран аксарияти порлумониро баъд аз ақибнишинии чанд нафар аз аъзои Кнессет аз даст дод.

Ба гузориши рӯзномаи саҳюнистии “Ҳааретс”, Нафтали Беннет, нахуствазир ва Яир Лапид, вазири хориҷаи режими саҳюнистӣ душанбешаб дар баёнияе муштарак эълом карданд, баъд аз он ки ҳамаи роҳҳо барои суботбахшӣ ба ин эътилоф имтиҳон шуданд, Нафтали Беннет ва Яир Лапид ба ин натиҷа расиданд, ки ҳафтаи оянда тарҳе барои инҳилоли Кнессет ироа шавад. Баъд аз тасвиби он, тарҳи нахуствазири гардишӣ ба сурати навбатӣ иҷро хоҳад шуд.

Телевизиони режими саҳюнистӣ ҳам гузориш дод, Беннет ва Лапид тавофуқ кардаанд Кнессетро мунҳал кардаву Лапидро ба унвони нахуствазир мансуб кунанд.

Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири пешини режими саҳюнистӣ дар баёнияе гуфт, кабинаи Беннет ба шиддат дар масоили амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ шикаст хӯрда ва қасд дорад як кабинаи эътилофии густарда ташкил диҳад.

Нафтали Беннет душанбешаб дар як конфронси хабарӣ гуфт, тайи ҳафтаҳои гузашта ҳар коре метавонистем барои наҷоти кабина анҷом додем. Гуфтугӯҳои зиёде анҷом шуд ва ба ин натиҷа расидем, ки агар Кнессет зарфи 10 рӯз барҳам нахурад, амнияти Исроил ба шиддат латма мебинад.

 

Барчасп