Июн 22, 2022 14:20 Asia/Dushanbe
  • Мамониати аҳолии рустое дар Қомишлии Сурия аз убури корвони низомии амрикоӣ

Сокинони рустои Теласуд дар Қомишлии Сурия монеи убури як корвони низомии вобаста ба неруҳои амрикоӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Сурия, сокинони ин русто ин корвони низомии амрикоиро аз ин минтақа берун ронданд.

Ин корвон муташаккил аз чаҳор мошини зиреҳии мутааллиқ ба неруҳои амрикоӣ буд ва сокинони ин русто онҳоро водор ба ақибнишинӣ карданд.

Файсал Миқдод, вазири хориҷаи Сурия чанде пеш дар суханоне бо таъкид бар ин ки ҳузури Амрико дар Сурия ғайриқонунӣ аст, аз ишғолгарони амрикоӣ хоста буд фавран хоки Сурияро тарк кунанд.

 

Барчасп