Июн 26, 2022 09:39 Asia/Dushanbe
  • Идомаи поймолсозии оташбаси эътилофи саъудӣ дар Яман

Неруҳои эътилофи мутаҷовизи саъудӣ дар 24 соъати гузашта 112 бор оташбаси Яманро поймол карданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, низомиёни саъудӣ рӯзи якшанбе бо анҷоми парвозҳои таҷассусӣу шиносоӣ бар фарози устонҳои Маърибаҷа, Алҷуф,Таъиз, Саъда, Золъ ва Бизо ва меҳварҳои марзӣ оташбаси Созмони Миллали Муттаҳидро поймол карданд .
Бар асоси ин гузориш  неруҳои эътилофи саъудӣ мавозиъи неруҳои артишу кумитаҳои мардумии Яман дар устонҳои ёдшуда ба иловаи Наҷронро ҳадафи ҳамалоти сангини тӯпхона, ракетӣ ва хумпора қарор доданд .
Ҳамчунин неруҳои эътилофи саъудӣ бо ҳамла ба автобуси шаҳрвандони яманӣ дар устони Обин шуморе аз онҳоро захмӣ карданд

Оташбаси Яман, ки борҳо аз сӯии эътилофи мутаҷовизи саъудӣ нақз шудааст ба дунболи ройзаниҳои Созмони Миллали Муттаҳид барои тамдиди дубораи он, бори дигар тамдид шуд .
Пештар Маҳдӣ Алмашот-раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути эътилофи саъудӣ тақрибан аз байн рафтааст.

 

Барчасп