Июн 27, 2022 13:01 Asia/Dushanbe
  • Ироқ дар миёни кишварҳои арабии минтақаи Ғарби Осиё, дороӣ бештарин қаробатҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ бо Эрон аст
    Ироқ дар миёни кишварҳои арабии минтақаи Ғарби Осиё, дороӣ бештарин қаробатҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ бо Эрон аст

Вазири хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар дидор бо нахуствазири Ироқ аз талошҳои Ироқ барои тақвияти унсури гуфтугӯ ва нақши созандаи ин кишвар дар таъодулоти минтақаӣ ва гуфтугӯ байни Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ва Арабистон қадрдони кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Амир Абдуллоҳиён дар дидор бо Алкозимӣ, хотирнишон кард, ки Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҷуз хайр барои минтақа намехоҳад ва аз бозгушоии сафоратхонаҳои Эрон ва Арабистон дар пойтахтҳои дукишвар ҳимоят мекунад.

Вазири умури хориҷаи  Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ҳамчунин бо ишора ба барқарории оташбас дар Яман бар ҳимояти Эрон аз тадовуми оташбас ва лузуми поёни муҳосираи инсонӣ дар Яман таъкид кард.

Ҳусайн Амирабдуллоҳиён дар ин дидор ба муштаракоти ду кишвар Эрон ва Миср ишора кард ва тақвияти муносиботи фи мобайни Теҳрон ва Қоҳираро ба нафъи минтақа ва ҷаҳони  Ислом хонд.

Нахусвазири Ироқ низ дар ин дидор бар ҷойгоҳ ва нақши Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар таҳавулоти минтақа ва дар қаробат бо Ироқ таъкид кард ва гуфт: Ироқ барои тавсиаи муносиботи дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷиддӣ аст ва ба  нақшаи итминонии бахши худ дар минтақа идома медиҳад.

 Мустафо Алкозимӣ дар идома бо таъкид ба тавсиаи ҳама ҷонибаи равобит ва зарурати мавонеъи эҳтимоли афзӯд, Бо талошҳои худ барои тақвияти гуфтугӯ ва ҳакмкориҳои минтақаи идома хоҳем дод.

Ироқ дар миёни кишварҳои арабии минтақаи Ғарби Осиё, дороӣ бештарин қаробатҳои фарҳангӣ ва мазҳабӣ бо Эрон аст.

 

Барчасп