Июн 29, 2022 14:21 Asia/Dushanbe
  • Омодагии ҲАМОС барои мубодилаи асирони фаластинӣ бо асири саҳюнист

Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин омодагии худро барои табодули фаврӣ ва башардӯстонаи асирон эълом кард.

Маркази мутолеоти Фаластин моҳи гузашта эълом кард, шумори асирони фаластинӣ, ки ба ҳабси абад дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ маҳкум шудаанд, ба 551 нафар расидааст.

Ба гузориши хабаргузории “Алмаёдин”, як манбаъ гузориш дод, ҷумбиши ҲАМОС эълом карда ки бо озодии асири саҳюнист дар муқобили озодии асирони бемори фаластинӣ мувофиқ аст ва аз ҳар гуна миёнҷигарии байналмилалӣ барои озодии усарои фаластинӣ истиқбол мекунад.

Гурдонҳои шаҳид Иззуддин Алқисом асри сешанбе тасовире аз Ҳишом Алсайид, яке аз усарои саҳюнист дар назди муқовиматро мунташир кард, ки нишон медиҳад ӯ дар бистари беморӣ ва ба капсули кислород васл аст. Дар вокуниш ба ин рухдод маҳофили саҳюнистӣ дучори сардаргумӣ шуда ва ҳар кадом вокунишҳои мухталифе ба ин рухдод нишон додаанд.

Як мақоми амниятии саҳюнист низ, ки нахост номаш фош шавад, хабар дод, сервисҳои амниятии исроилӣ ҳеҷ гуна иттилое аз тағйири вазъияти саломати Афро Мангусто ва Ҳишом Алсайид, низомиёни асир назди ҲАМОС дар Ғазза надоранд.