Ҳимояти Иттиҳодияи араб аз муборизоти мардуми Фаластин
(last modified Wed, 30 Nov 2016 15:12:29 GMT )
Ноябр 30, 2016 20:12 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Иттиҳодияи араб аз муборизоти мардуми Фаластин

Дабирхонаи Иттиҳодияи араб бори дигар бар ҳамбастагии худ бо мардуми Фаластин ва ҳимояташ аз муборизоти онон барои таҳаққуқи озодии Фаластин таъкид кард.

Ба гузориши ИСНА, дабирхонаи Иттиҳодия араб рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе ба муносибати рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин аз ҳамаи кишварҳои дӯстдори сулҳ хост талошҳои худро ҷиҳати ба даст овардани тамоми ҳуқуқҳои фаластиниҳо, аз ҷумла ҳақи озодӣ ва поён ёфтани охирин мавриди истеъмор дар ҷаҳон ба кор гиранд.

 Дар ин баёния омадааст, масъалаи Фаластин бояд ба шакли мусолиматомез ҳал ва кишвари мустақили Фаластин низ тибқи қатъномаҳои байналмилалӣ ва тарҳи сулҳи арабӣ ташкил шавад.

  Дабирхонаи Иттиҳодияи араб таъкид кард, масъалаи Фаластин ҳамчунон ҳал нашуда ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулиятҳои худ дар мавриди ҳуқуқи сиёсӣ, қонунӣ ва инсонии мардуми Фаластинро бипазирад.

Иттиҳодияи араб дар идомаи баёнияи худ аз идомаи муборизоти мардуми Фаластин бо вуҷуди сиёсатҳои режими саҳюнистӣ, аз ҷумла ишғол, шаҳраксозӣ, куштори фаластиниҳо, тахриби хона, таарруз ба муқаддасоти мусулмонон ва масеҳиён, юришҳои мустамар ба Масҷидулақсо ва талош барои тақсими замонӣ ва маконии он ки боис шуда масъалаи онҳо бо вуҷуди гузашти 70 сол дар ҷаҳон ҳамчунон тоза бимонад, қадрдонӣ кард.

Рӯзи ҷаҳонии ҳамбастагӣ бо мардуми Фаластин дар 29 ноябри соли 1977 мелодӣ аз сӯи Маҷмаъи умумии Созмони милал таъйин шуд.