Июл 03, 2022 09:07 Asia/Dushanbe
  • Иддаои ғарбиҳо дар бораи талош барои субот дар Сурия воқеӣ нест

Вазири умӯри хориҷаи Эрон гуфт : Бархӯрд накардан бо иқдомоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистӣ нишон медиҳад иддаои ғарбиҳо мабнӣ бар талош барои субот дар Сурия воқеӣ нест .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҳусайни Амирабдуллоҳиён рӯзи шанбе дар дидори Башор Асад-раиси ҷумҳурии Сурия дар Димишқ сукути кишварҳои муддаии Ғарб дар баробари иқдомоти таҷовузкоронаи режими саҳюнистиро нишондиҳандаи стандартҳои дугонаи ин кишварҳо хонд .
Вазири умӯри хориҷаи Эрон ҳамчунин бо таъкид бар ҳалли мушкилоти минтақа аз тариқи гуфтугӯ ва ҳамкорӣ тасреҳ кард: Эрон бо рӯй овардан ба амалиёти низомӣ барои рафъи мушкилот мухолиф аст .
Амирабдуллоҳиён ҳамчунин бо қадрдонӣ аз талошҳои давлату раиси ҷумҳурии Сурия дар таҳкими ваҳдати миллӣ, тамомияти сарзаминӣ ва ҳокимияти ин кишвар афзуд: Мухолифони тамомияти сарзаминиву ҳокимияти Сурия талош доранд вазъияти ин кишварро ба ҳам бирезанд .Башор Асадаиси ҷумҳурии Сурия низ дар ин дидор сафари вазири умӯри хориҷаи Эрон ба Димишқ дар шароити кунуниро бо тавваҷуҳ ба таҳаввулоти минтақаӣ ва ҷаҳонӣ боаҳамият хонд ва изҳор кард,ки вазъияте дар ҳоли шаклгирӣ аст, ки мувозинаро дар минтақа ба нафъи мо тағйир медиҳад .
Башор Асад иқдомоти кишварҳои ғарбиро бо ҳадафи таҳрики авзоъ дар Сурия ба манзури тасвияи ҳисоб ва рақобату имтиёзгирӣ аз тарафҳои дигар маҳкум кард .
Раиси Ҷумҳурии Сурия Фаластинро мавзӯи мавриди тавваҷуҳи муштараки Ҷумҳурии исломии Эрону Сурия хонд ва ёдовар шуд: Бо тавваҷуҳ ба фишорҳо бар рӯйи кишварҳои меҳвари муқовимат як ҳампаймонӣ шакл гирифта, ки ҳампаймонии иродаҳо дар рӯёрӯӣ бо низоми султааст ва албатта кишварҳои каме дар дунё дорои чунин иродае ҳастанд .

 

Барчасп