Июл 03, 2022 10:29 Asia/Dushanbe
  • Идомаи поймолсозии оташбаси Алҳудайдаи Яман аз сӯии эътилофи саъӯдӣ

Манобеи яманӣ аз тадовуми нақзи оташбас дар устони Алҳудайда тавассути эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ хабар доданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи хабарии Алмасира, як манба дар утоқи афсарони иртибот эълом кард,ки эътилофи мутаҷовизи саъӯдӣ дар шабонарӯзи гузашта 51 мартаба оташбас дар устони Алҳудайда воқеъ дар ғарби Яманро нақз кард .
Ин манба аз парвози паҳподҳо ва ҳавопаймоҳои ҷосӯсӣ дар осмони Ҳис ба унвони бахше аз ин мавориди нақзи оташбас ёд кард .
3 бомбаборони тӯпхонаӣ ва 39 мавриди тирандозӣ бо силоҳҳои мухталиф аз дигар мавориди нақзи оташбас дар Алҳудайда тавассути эътилофи саъӯдии эълом шудааст .
Пештар Алӣ Алқаҳум-узви дафтари сиёсии давлати наҷоти миллии Яман бо ҳушдор ба Арабистони саъӯдӣ таъкид кард : Неруҳои мусаллаҳи Яман дар баробари ин таҷовузот ҳаргиз дасти баста боқӣ нахоҳанд монд ва дар посух ба нақзи мукаррари оташбас аз сӯи Арабистон гузинаҳои бисёреро дар ихтиёр доранд .
Арабистон бо ҳимояти Амрико, Аморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ,баҳрӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст . Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба кушта шудани беш аз ҳафдаҳ ҳазор яманӣ, захмӣ шудани даҳҳо ҳазор нафар ва оворагии миллионҳо яманӣ мунҷар шудааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп