Июл 06, 2022 09:41 Asia/Dushanbe
  • Захмӣ шудани ҳаддиақал 2 полиси режими саҳюнистӣ дар даргирӣ бо фаластиниҳо

Манобеи низомиву полиси режими саҳюнистӣ захмӣ шудани ду нафар аз нерӯҳояшон дар даргирӣ бо фаластиниҳоро тайид карданд.

Ба гузориши “Ҷерузалим пост”, полиси режими саҳюнистӣ эълом кард, шомгоҳи сешанбе дар даргирӣ бо фаластиниҳо дар шарқи Байтулмуқаддас, ду нафар аз афсарони полис захмӣ шуданд.

Аз сӯи дигар ҳамзамон асри сешанбе размандагони муқовимати Фаластин савор бар мошин ба самти неруи артиши ишғолгар дар як исти бозрасии низомӣ дар вурудии шаҳраки Ҳамиш, дар Наблос тирандозӣ карданд.

Дар ин иртибот манобеи маҳаллӣ гузориш доданд, ки пас аз амалиёти ахир низомиёни тирандози саҳюнистӣ дар минтақа мустақар шуданд то омилонро, ки бо муваффақият аз маҳалли ҳодиса гурехтанд, дастгир кунанд.

Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи сешанбе як ҷавони фаластинӣ дар шаҳраке дар сарзаминҳои ишғолии 1948 ба зарби гулулаи низомиёни ишғолгари исроилӣ ба шаҳодат расид.