Июл 08, 2022 17:24 Asia/Dushanbe
  • Амалиёти муборизони фаластинӣ алайҳи низомиёни саҳюнист дар Каронаи бохтарӣ

Муборизони фаластинӣ гурӯҳе аз низомиёни саҳюнистро дар шимоли Каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳадафи ҳамалоти мусаллаҳона қарор доданд.

Ба гузориши хабаргузории “Фаластиналявм”, як муборизи фаластинӣ ҷумъа ба сӯи як пости бозрасии исроилӣ дар Тулкарм шиллик кард ва ба саломатӣ аз макон баргашт.

Ҳамчунин теъдоде аз размандагони фаластинӣ ба сӯи як бурҷи низомии артиши саҳюнистӣ дар шарқи Тулкарм тирандозӣ карданд.

Дар шаҳри Наблос низ муборизони фаластинӣ ба сӯи як исти бозрасии исроилӣ, воқеъ дар наздикии шаҳраки яҳудии Ятсҳор оташ кушоданд.

Шуморе аз неруҳои муқовимат низ ба сӯи низомиёни исроилӣ дар минтақаи Алмураббаҳ, воқеъ дар ғарби Наблос шиллик карданд.

Раванди ҳамалоти низомии муборизони фаластинӣ ба низомиён ва шаҳракнишинони саҳюнист дар Каронаи бохтарӣ, ба вижа дар шаҳрҳои Ҷанину Наблос шиддат ёфтааст.