Таҳлил - коҳиши дубораи эътибори иқтисодии Туркия
Бо ташдиди буҳрони иқтисодӣ ва бурузи шароити маъишатии ғайри қобили таҳаммул барои қишрҳои осебпазир дар Туркия, муассисаҳои молии байналмиллалӣ ҳамчунон аз рутбаи иқтисодии ин кишвар дар ҷаҳон мекоҳанд.
Дар ҳамин иртибот Ожонси рутбабандии эътибории Фич ( Fitch ) барои дуюмин бор дар панҷ моҳи гузашта рутбаи эътибории Туркияро коҳиш додааст .
Дар арзёбии ин муассисаи рутбабандии байналмиллалӣ тавваҷуҳ ба афзоиши сатҳи таваррум ва коҳиши арзиши пули миллии Туркия ( лир ) дар баробари доллар барҷаста шудааст . Тахмин зада мешавад, ки мизони таваррум дар соли 2022 ба таври миёна ба 71.4 дарсад афзоиш ёбад.
Се муассисаи байналмилалии рутбабандӣ дар ҷаҳон фаъолият доранд, ки ҳар се муассиса дар тӯли солҳои гузашта ба шаклҳои мухталиф аз рутбаи иқтисодии Туркия костаанд . Бо идомаи ин раванд чунин ба назар мерасад, ки Туркия бояд ҷои худро дар гуруҳи бист кишвари бо иқтисоди тавсеаёфта ба кишвари дигаре вогузор кунад . Раҳбарони Туркия, ки дар даҳаи нахусти ҳокимият тавониста буданд иқтисоди Туркияро ба мизони чашмгире тақвият кунанд, аз замони мушорикати низомиёни ин кишвар дар умури кишварҳои ҳамсояи мудом бо мушкилоти иқтисодӣ ва молӣ мувоҷеҳ мешудааст .
Муассисаҳои рутбабандии байналмилалӣ аз соли 2014 милодӣ аз рутбаи иқтисодии Туркия костаанд . Ин дар ҳоле аст ки пеш аз ин ва дар соли 2018 милодӣ низ муассисаи рутбасанҷии Модиз - яке аз се муассисаи муътабари рутбасанҷии ҷаҳон – пешбинии худ аз рушди иқтисодии Туркияро коҳиш дода ва иллати онро таҳкими фишорҳои бозор эълом карда буд .
Муассисаҳои рутбабандии байналмилалӣ далели аслии коҳиши рутбаи иқтисодии Туркия дар ҷаҳонро бархоста аз дахолатҳои Раҷаб Тайиб Ардуғон арзёбӣ ва тасреҳ карда буданд иқдомоти раиси ҷумҳурии Туркия решаи нобасомониҳои иқтисодии Туркия дар дохил аст ва сиёсатҳои мудохилаҷӯёнаи низомии ин кишвар дар умӯри ду кишвари ҳамсоя ( Сурияу Ироқ ) далели воқеии мушкилоти иқтисодии феълии Туркия аст .
Дар ҳамин иртибот Ангин Узкуч - муовини раиси ҳизби Ҷумҳурии халқ ва соҳибназари турк дар умури сиёсӣ ва иқтисодӣ муътақидаст : " Бидуни шак яке аз далоили амалиёти ҷанги равонии давлати Ардуғон буҳрони Сурия ва масъалаи тероризм аст " .
Буҳрони иқтисодии Туркия, ки пас аз таҳдидҳои раиси ҷумҳурии собиқи Амрико ташдид шудааст, рӯз ба рӯз густардатар мешавад . Ба тавре ки миллионҳо тан аз хонавори Туркия барои таъмини ниёзҳои ибтидоӣ ва колоҳои асосии зиндагии худ бо мушкилоти ҷиддии бузурге мувоҷеҳ ҳастанд .
Бо вуҷуди ташдиди мушкилоти маъишатии мардум Раҷаб Тайиб Ардуғон- раиси ҷумҳурии Туркия пас аз нокомиҳои пай дар пай дар таҳаққуқи ваъдаҳои худ ахиран аз мардум хостааст дар баробари афзоиши таваррум сабурӣ пеша кунанд . Ин дар ҳоле аст, ки сатҳи таварруму бекорӣ дар Туркия ба авҷ расидаву буҳрони феълӣ дар даврони 21 солаи зимомдории ҳизби Адолату тавсеа бесобиқа қаламдод мешавад .
Ба рағми дархостҳои мақомҳои Анқара аз мардум чунин ба назар мерасад, ки давлати Ардуғон роҳкору барномаи равшане барои беҳбуди вазъияти иқтисодии мардум надорад. Давлати Ардуғон дар соли оянда милодӣ мебоист бори дигар орои ҳамин мардумро ҷалб кунад . Мардуме ки аз низомии сиёсии лоик(ғайридинӣ) дар тӯли даҳаҳои пас аз таъсиси Ҷумҳурии Туркияи навин дар соли 1923 милодӣ ба танг омада буданд . Бо тавваҷуҳ ба собиқаи сиёсатмадорони лоик дар Туркия аз эҳтимол дур аст ки мардуме ки аз он даста аз сиёсатмадорон дар азоб буданд, бори дигар ба самти онҳо мутамойил шаванд .
Давлати ҳизби ҳокими Адолату тавсеа низ натавонистааст дар тӯлонимуддат иқтисоди пойдоре барои мардуми ин кишвар ба армуғон биоварад . Ба ҳамин далел метавон пешбинӣ кард мардуми мусулмони Туркия ба самти як ҳизби моил ба дини мубини ислом аз худ тамоюл нишон диҳанд ва дар интихоботи соли ояндаи милодӣ пушти сари он даста аз аҳзоб қарор бигиранд . Бо мурури воқеиятҳои мавҷуд дар ҷомеъаи мусулмони Туркия ва вуҷуди ҷамъияти азими алавиҳо ва вуҷуди беш аз чоряки курдҳои муқими Туркия табиӣ аст ки истиқболи дубораи мардум аз аҳзоби лоик чандон қобили қабул нест . Ба ин тартиб аз ҳам акнун метавон пешбинӣ кард, ки дар соли ояндаи милодӣ раиси Ҷумҳурии Туркия фарде хоҳад буд, ки гароишҳои динӣ дошта ва аз ҳимоятҳои алавиҳо ва курдҳои Туркия бархурдор бошад .
Дар интихоботи пешини шӯрои шаҳрдориҳои Туркия сиёсатмадорони курд ба ҳизби Ҷумҳурии халқ мутамойил шуданд ва ин ҳизб тавонист шаҳрдориҳои чандин шаҳри бузурги Туркияро дар инҳисори худ бигирад . Аммо оё ҳизби Демократии халқҳо бори дигар ба ҳизби лоики Ҷумҳурии халқ мутамойил хоҳад шуд ? Ин суоли муҳимме аст, ки дар моҳҳои оянда ва то пеш аз интихоботи раёсати Ҷумҳурии Туркияи мушаххас хоҳад шуд . Зимни он ки мардуми Туркия, ки ба буҳрони иқтисодӣ ба шиддат муътариз ҳастанд табиӣ аст, ки барномаҳои созандаи аҳзобу сиёсатмадорони Туркия дар бахши иқтисодӣ метавонад гароиши воқеии мардуми ин кишварро беш аз пеш мушаххас кунад .
Бештар бихонед :