Яке аз дастовардҳои муқовимат барандозии тарҳи Ховармиёнаи ҷадид буд
Дабири кули Ҳизбуллоҳи Лубнон таъкид кард, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои меҳвари муқовимат, аз байн бурдани тарҳи Амрико барои эҷоди Ховармиёнаи ҷадид буд.
Ба гузориши Садои Хуросон Саид Ҳасан Насруллоҳ тайи суханоне ба муносибати фарорасидани солрӯзи пирӯзии муқовимат дар ҷанги Тамуз соли 2006 муқобили режими саҳюнистӣ, яке аз муҳимтарин дастовардҳои муқовиматро барандозии тарҳи Амрико барои эҷоди Ховармиёнаи ҷадид унвон кард.
Насруллоҳ афзӯд: Аз муҳимтарин натоиҷи ҷанги 33 рӯза эҷоди муъодилаи боздорандагӣ байни Лубнон ва душмани саҳюнистӣ буд.
Вай изҳор дошт: Ба лутфи вуҷӯди муодилаи боздорандагӣ душмани исроилӣ барои ҳар гӯна иқдоми низомӣ алайҳи Лубнон ҳазор бор фикр мекунад.
Дабири Ҳизбуллоҳ гуфт: Вазири ҷанги Исроил медонад, ки таҳдидоташ алайҳи Лубнон сухани ту холи аст. Исроил ҷуръат надорад вориди Ғаза, ки аз беш аз 15 сол пеш таҳти муҳосира аст шавад, пас чӣ гӯна метавонад вориди Лубнон шавад?
Дабири кули Ҳизбуллоҳ гуфт: Муқовимат танҳо нерӯе аст, ки Лубнон барои дастёбӣ ба нафт ва газ ва истихроҷи он дуро дар ихтиёр дорад ва истихроҷи ин модда фурсати таллои барои наҷоти Лубнон ва давлати Лубнон аст.
Дабири кули Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома афзӯд: Имрӯз нусхаи ҷидиде аз пружаи Ғарби Осиёи ҷадид вуҷӯд дорад ва сафар Бойден ба минтақа низ дар ҳамин росто аст.
Амрикои имрӯз бо Амрикои соли 2003 ва 2006 бисёр тафовут карда ва раиси Ҷумҳӯри пири он тасвире аз чеҳраи амрикое аст, ки вориди марҳилаи пири шудааст.