Июл 29, 2022 20:52 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати навҷавони фаластинӣ ба зарби гулулаи низомиёни саҳюнист

Як навҷавони фаластинӣ ба зарби гулулаи низомиёни саҳюнист дар шимоли шарқии Ромуллоҳ ба шаҳодат расид.

Низомиёни режими саҳюнистӣ ҳар рӯз ба баҳонаҳои мухталиф бо ҳамла ба мардуми мазлуми Фаластин, ононро ба шаҳодат расонида, маҷруҳ ва ё боздошт мекунанд.

Ба гузориши расонаҳои фаластинӣ, Амҷад Абуулё, навҷавони 16 солаи фаластинӣ имрӯз - ҷумъа ба зарби гулулаи низомиёни саҳюнист дар рустои Алмуғир, дар шимоли шарқии Ромуллоҳ ба шаҳодат расид.

Дар ин даргириҳо то кунун даҳҳо фаластинии дигар низ захмӣ шудаанд.

Манобеи фаластинӣ имрӯз аз юриши низомиёни саҳюнист ба ҳамроҳи бархе шаҳракнишинон ба рустои Алмуғир хабар дода буданд.

Чанде пеши Маркази итилоърасонии Фаластин дар гузорише эълом кард, аз ибтидои соли ҷорӣ то 12 июн 23 фаластинӣ дар шаҳри Ҷанин, дар каронаи бохтарии рӯди Урдун ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп