Июл 31, 2022 09:08 Asia/Dushanbe
  • Тирандозӣ ба низомиёни саҳюнист дар Алхалил

Хабаргузории Шаҳоби Фаластин аз тирандозӣ ба низомиёни саҳюнист дар Алхалил воқеъ дар Каронаи бохтарӣ хабар доданд .

Силсилаи иқдомоти хасмонаи низомиёни саҳюнист алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ дар арозии ишғолӣ ҳамчунон идома дораду онон барои дастёбӣ ба аҳдофи тавсеаталабонаи худ рӯзона ба манотиқи мухталифи Фаластин юриш мебаранду фаластиниёнро шаҳид, захмӣ ва ё боздошт мекунанд. Фаластиниён низ посухи ин ҷиноётро медиҳанд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Шаҳоби Фаластин, манобеи саҳюнистӣ эълом карданд ки муборизони фаластинӣ аз худрави худ ба самти низомиёни саҳюнист дар наздикии Алхалил воқеъ дар Каронаи бохтарии руди Урдун тирандозӣ ва фирор карданд.
То кунун перомуни талафоти эҳтимолии ин тирандозӣ хабаре мунташир нашуда, аммо режими саҳюнистӣ маъмулан теъдоди талафоти низомиёни худро пинҳон мекунад .
Аз сӯи дигар манобеи фаластинӣ аз боздошти ду ҷавони фаластинӣ дар Қудси ишғолӣ аз сӯи низомиёни саҳюнист хабар доданд.
Манобеи маҳаллӣ дар Қудси ишғолӣ эълом карданд низомиёни саҳюнист ду ҷавони фаластиниро аз бахши қадимии Қудси ишғолӣ боздошт карданд .
 

 

Барчасп