Август 01, 2022 14:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Насруллоҳ ба режими саҳюнистӣ: Муқовимат барои ҳар сенарияе омода аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар сеюмин суханронии худ дар даҳаи аввали моҳи Муҳаррам, зимни ҳушдор ба режими саҳюнистӣ таъкид кард, ки муқовимат барои ҳар сенарияе омода аст.

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар суханоне дар сеюмин шаби моҳи Муҳаррамулҳаром дар маҳфили ошӯрое, ки дар минтақаи ҷанубии Бейрут баргузор шуд, таъкид кард: Мо на тарафи музокирот бо режими саҳюнистӣ дар робита бо тарсими хутут дарёӣ ҳастем ва на ҳеҷ касеро мукаллаф кардем, ки ба ниёбат аз мо музокира кунад.

Вай дар идома бо ҳимоят аз давлати Лубнон дар ин музокирот таъкид кард, музокира бар сари таъйини марзҳои дарёӣ бар уҳдаи давлати Лубнон аст ва мо ҳар иқдоме, ки давлат анҷом диҳадро вето нахоҳем кард.

Вай бо ишора ба вуруди ғайриқонунии киштии исроилӣ ба минтақаи газии Кореш барои истихроҷи газ гуфт, муқовимати Лубнон гузинаҳои пеши рӯйи худро барои мувоҷеҳа бо он мавриди баррасӣ қарор додааст, 50 дарсад мумкин аст бо музокира ҳаллу фасл шавад ва 50 дарсад эҳтимоли ҷанг вуҷуд дорад.