Август 06, 2022 09:46 Asia/Dushanbe
  • Муборизони фаластинӣ беш аз 100 мушак ба шаҳракҳо саҳюнистӣ   шилик кардаанд
    Муборизони фаластинӣ беш аз 100 мушак ба шаҳракҳо саҳюнистӣ шилик кардаанд

Артиши режими саҳюнистӣ дар тозатарин ҷинояти худ алайҳи аҳолии навори Ғаза, маводи мунфаҷира руӣ ин минтақа рехт.

Режими саҳюнистӣ рӯзи ҷӯмъа чанд минтақаи навори Ғазаро ҳадафи ҳамалоти ҳавоии худ қарор дод, ки дар ин ҳамалот то кунун 10 фаластинӣ аз ҷумла як кӯдаки панҷ сола ва яке аз раҳбарони аршади Ҷунбиши ҷаҳоди исломӣ шаҳид ва 80 нафари дигар захмӣ шуданд.

Дар пайи ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғаза , муборизони фаластинӣ беш аз 100 мушак ба шаҳракҳо саҳюнистии атрофи Ғаза ва  Тел-Авив шилик кардаанд.

Ҳамзамон бо ташдиди ҳамалоти мушакии талофиҷуёнаи муқовимати Фаластин, шаҳрдори Тел-Авив иқдом ба боз кардани паноҳгоҳ барои саҳюнистҳо кардааст.

Расонаҳои саҳюнистӣ бо изъони ба ҳаҷми зиёди мушакҳои шилик шуда аз навори Ғаза гузориш доданд, ки сомонаи гунбади оҳанин дар муқобила бо ин мушакҳо оҷиз мондааст.

Ҳозим Қосим сухангуи Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ҲАМОС эълом кард, ишғолгарони саҳюнистӣ наметавонанд дар набарди иродаҳо алайҳи миллати Фаластин ва муқовимати диловаронаи онҳо пирӯз шаванд.

 

Барчасп