Август 10, 2022 10:00 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати як ҷавони фаластинӣ дар борикаи Ғазза

Як ҷавони фаластинӣ дар натиҷаи шиддати ҷароҳати вобаста ба ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ба шаҳодат расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои шабакаи Фаластин алявм, Иброҳим Шаҳда Абусалоҳ бомдоди имрӯз чаҳоршанбе дар натиҷаи шиддати ҷароҳати ношӣ аз ҳамалоти ҳамаҷонибаи ҷумъаи ҳафтаи ҷории низомиёни режими саҳюнистӣ ба борикаи Ғазза ба шаҳодат расид .
Бар асоси ин гузориш бо шаҳодати ин ҷавони фаластинӣ шумори шуҳадои ҳамлаи низомиёни режими саҳюнистӣ ба борӣкаи Ғазза ба 46 нафар расид.
Артиши режими саҳюнистӣ ҷумъаи гузашта ҳамалоти ҳавоӣ ва тӯпхонаии худ ба манотиқи мухталифи борикаи Ғаззаро оғоз кард .
Гуруҳҳои муқовимати Фаластин низ дар посух ба ин ҳамалоти ҷинояткорона бо садҳо мӯшак шаҳрҳову шаҳракҳои саҳюнистнишин дар сарзаминҳои ишғолӣ ба вижа Телвив ва фурудгоҳи Бен Гурианро ҳадаф қарор доданд, ки бар асари ин ҳамалот 60 саҳюнист роҳии бемористон шуданд .
Саранҷом тавофуқи оташбас миёни режими саҳюнистӣ ва Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ бомдоди душанбе ва бо миёнҷигарии Миср иҷроӣ шуд.

 

Барчасп