Август 11, 2022 12:21 Asia/Dushanbe
  • Як навҷавони 15 солаи фаластинӣ дар ин даргирӣ ба зарби гулалаи низомиёни саҳюнистӣ захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуд
    Як навҷавони 15 солаи фаластинӣ дар ин даргирӣ ба зарби гулалаи низомиёни саҳюнистӣ захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуд

Манобеъи фаластинӣ хабар доданд, низомиёни саҳюнистӣ дар юриш ба шаҳри Алхалил воқеъ дар ҷануби Каронаи Бохтарӣ ба фаластиниён ҳамла карданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Маъо Фаластин, низомиёни саҳюнистӣ дар маркази шаҳри Алхалилаи фаластиниён даргир шуданд ва ба самти онҳо тирандозӣ ва гази ашковар партоб карданд.

Бар асоси ин гузориш, як навҷавони 15 солаи фаластинӣ дар минтақаи  Боб-Ал- Зовия воқеъ дар марказ шаҳри Алхалила дар ин даргирӣ ба зарби гулалаи низомиёни саҳюнистӣ захмӣ ва ба бемористон мунтақил шуд.

Рӯзи сешанбе низ даргирии фаластиниён бо ишғолгарони исроилӣ дар шаҳри Алхалила, як ҷавони фаластинӣ ба шаҳодат расид.

 

Барчасп