Август 23, 2022 12:25 Asia/Dushanbe
  • Нақзи оташбаси Яман тавассути Эътилофи мутаҷовизи саудӣ

Эътилофи саудӣ дар 24 соати гузашта 132 бор оташбаси Яманро нақз кардааст.

Ба гузориши шабакаи хабарии Алмасира, Эътилофи саудӣ бо анҷоми парвозҳои таҷассусӣ ва шиносоӣ бар фарози устонҳои Маариб, Таъиз, Ҷавф, Саъда, Алҳудайда ва меҳварҳои амалиётии марзии оташбаси Созмони Милали Муттаҳидро  нақз карданд.

Ин гузориш меафзояд, ҳавопаймоҳои шиносоии мусаллаҳи Эътилофи саудӣ манозили маскунӣ ва мавозеъи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумӣ дар устони Маарибро ҳадаф қарор доданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҳанс Грундберг, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман ҳудӯди се ҳафтаи пеш аз тавофуқи тарафҳои яманӣ барои тамдиди 2 моҳаи оташбас хабар дод.

Вай гуфта буд , тамдиди оташбаси Яман дар баргирандаи тааҳҳуди тарафҳо барои музокира ба манзури дастёбӣ ба як тавофуқи густардатар аст.

Оташбаси Яман, ки борҳо аз сӯи Эътилофи мутаҷовизи саудӣ нақз шудааст, ба дунболи ройзаниҳои Созмони Милали Муттаҳид пеш аз ин як бор тамдид шуда буд. Тамдиди 2 моҳаи ин оташбас дувум август ба поён расид, ки муҷаддадан тамдид шуд.

Пештар Маҳдӣ Ал Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд, оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути Эътилофи саудӣ тақрибан аз байн рафтааст.

 

Барчасп