Август 27, 2022 13:20 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саудӣ 136 бор оташбаси Яманро нақз кард

Манобеи яманӣ хабар доданд, Эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта 136 бор оташбаси Яманро нақз кардааст.

Дар ҳоле, ки Ҳанс Грундберг, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури Яман ҳудӯди се ҳафтаи пеш аз тавофуқи тарафҳои яманӣ барои тамдиди 2 моҳаи оташбас хабар дод, Эътилофи саудӣ ҳамчунон ин оташбасро нақз мекунад.

Ба гузориши хабаргузории расмии Яман (Сабаъ ), Эътилофи саудӣ бо анҷоми парвозҳои таҷассусӣ ва шиносоӣ бар фарози устонҳои маариб, Таъиз, Ҷавф, Саъда, Ал Ҳудайда ва меҳварҳои амалиётии марзӣ оташбаси Созмони Милали Муттаҳидро нақз карданд.

Бар асоси ин гузориш, ҳавопаймоҳои шиносои мусаллаҳи Эътилофи саудӣ манозили маскӯнӣ ва мавозеъи нерӯҳои артиш ва кумитаҳои мардумӣ дар устони Ал Ҳудайдаро ҳадаф қарор доданд.

Пештар Маҳдӣ Ал Машот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд, ки оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути Эътилофи саудӣ тақрибан аз байн рафтааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп