Август 29, 2022 18:13 Asia/Dushanbe

Шаҳрҳои мухталифи Каронаи бохтарӣ ба вижа Ҷанин конуни даргирии неруҳои муқовимати Фаластин бо режими ишғолгари саҳюнистӣ буд, ки дар ин даргириҳо 10 фаластинӣ захмӣ шуданд ва ҳоли яке аз онҳо вахим аст .

Сарзаминҳои ишғолӣ ва Каронаи бохтарӣ ба вижа дар Ҷанин, Ноблус ва Ромуллоҳ саҳнаи даргириҳои густарда таи 24 соъати гузашта буд .
Ба гузориш Эронпресс, манобеи маҳаллӣ аз даргирии шадиди гурдонҳои Қудси шохаи низомии Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин бо низомиёни ишғолгари исроилӣ дар шаҳраки Қботия дар муҷовирати шаҳри Ҷанин хабар доданд .
Низомиёни режими саҳюнистӣ манзили Умри Зкорна дар Қботияро муҳосира карданд ва хостори таслими писари ин хонавода Ало Зкорна-аз аъзои гурдонҳои Қудс шуданд .
Дар ин даргириҳои шадид низомиёни режими саҳюнистӣ ибтидо падару бародарони Ало Зкорнаро боздошт карданд ва дар ниҳоят вай дар ҳоле, ки захмӣ шуда буд, боздошт шуд .
Гурдонҳои Қудси шохаи низомии Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ дар баёнияе эълом кард: Ҷиҳод то озодии кулли Фаластини идома хоҳад дошт .
Ҳамчунин ҷавонони фаластинӣ низ бо партоби санг ва коктейли Молотов ба муқобила бо саҳюнистҳо пардохтанд .
Ба гуфта манобеи маҳаллӣ то ин лаҳза камаш 10 фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист захмӣ шуданд, ки ҳоли яке аз онҳо вахимаст .
Манобеи маҳаллӣ эълом карданд ки шумори маҷрӯҳони даргириҳо дар шаҳраки Қботия-воқеъ дар ҷануби Ҷанин то ин лаҳза ба 10 нафар расидааст .
 

 

Барчасп