Тафсир : Хариди замин барои саҳюнистҳо ; яҳудисозии Манома
Раҳбари ҷараёни исломии Алвифоқи Баҳрайн гуфт: Тарҳе дар дасти иҷрост, ки ба мӯҷиби он маҳаллаи яҳудинишин дар бахши қадимии Манома ташкил хоҳад шуд .
Тарҳи эҷоди маҳаллаи яҳудинишин дар Манома дар ростои раванди оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ қарор дорад . Мутобиқи гузоришҳо тарҳи яҳудисозии Манома бо ҳадафи табдили ҳудуди 40 дарсад аз маҳаллаҳои қадимии ин шаҳр ба масирҳо, сохтмонҳо ва намодҳои яҳудӣ аст ва ба манзури сохти маҳаллаи яҳудиён дар Манома талош бевақфае барои хариди сохтмонҳои қадимӣ ва бо қиматҳои бисёр боло анҷом шудааст .
Мушобеҳи чунин тарҳе дар авоили қарни гузаштаи милодӣ дар сарзамини Фаластин иҷроӣ шуд ва саҳюнистҳо бахше аз заминҳои фаластиниҳоро харидорӣ карданд, аммо дар идомаи заминҳову манозили онҳоро мусодира ва ба шаҳракҳои саҳюнистнишин табдил карданд . Бо тавваҷуҳ ба хуи ишғолгаронаи режими саҳюнистӣ ва ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба заъфи давлати оли Халифа дур аз зеҳн нест, ки сенариюи Фаластин барои Баҳрайн такрор шавад .
Нуктаи муҳимтари дигар инки ; ҳадафи муҳими режими оли Халифа аз таъсиси шаҳраки яҳудинишин дар Манома, касби ҳимояти бештари режими саҳюнистӣ ва Амрико аз ин режим дар дохили Баҳрайн ва дар мувоҷиҳа бо шаҳрвандони ин кишвар аст .