Сентябр 08, 2022 12:43 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати як фаластинӣ ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист дар Каронаи Бохтарӣ

Низомиёни саҳюнист як фаластиниро дар маркази Каронаи Бохтарии руди Урдун ба шаҳодат расонданд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Фаластин Ал явм, низомиёни саҳюнист бомдоди панҷшанбе як шаҳрванди фаластиниро дар шимоли шарқи Ромуллоҳ наздикии пости исту бозрасӣ ба зарби гулӯла ба шаҳодат расонданд.

Манобеи маҳаллӣ ҳамчунин аз ҳузури густардаи низомиёни саҳюнист дар ин маркази исту бозрасӣ хабар доданд.

Рӯзи чаҳоршанбе низ низомиёни режими саҳюнистӣ як ҷавони 21 солаи фаластинӣ ба номи  Юнус Ғасонро бо шиллики гулӯла дар устони Тубос ба шаҳодат расонданд.

Дар ҳамин робита, неруҳои муқовимати Фаластин ба пости исту бозрасӣ воқеъ дар шимоли Ҷанин бо як бастаи инфиҷорӣ ҳамла карданд.

Гузорише дар бораи хисоратҳои эҳтимолии ин ҳамла мунташир нашудааст.

 

Барчасп