Вуруди зоирони Афғонистон ва Покистон ба хоки Ироқ
(last modified Tue, 13 Sep 2022 05:33:59 GMT )
Сентябр 13, 2022 10:33 Asia/Dushanbe
  • Вуруди зоирони Афғонистон ва Покистон ба хоки Ироқ
    Вуруди зоирони Афғонистон ва Покистон ба хоки Ироқ

Ҳазорон зоири афғонистонӣ ва покистонӣ бо гузаштан аз марзи заминии Эрон вориди хоки Ироқ шуданд.

Пас аз тавофуқи вазирони кишварҳои Эрон ва Ироқ ва судури иҷозаи тарадуди Арбаъини ҳусайнӣ дар гузаргоҳҳои марзи Шаламча ҷануби Эрон ҳазор зоири афғонистонӣ ва покистонӣ дар 24 соати гузашта аз ин гузаргоҳҳо вориди хоки Ироқ шуданд.

Бар асоси гузоришҳо иҷозаи тарадуди Арбаъин барои шаҳрвандони хориҷии муқими Эрон дар марзи Шаламча анҷом мешавад ва хуруҷи ин афрод бедуни мушкил аз ин марз сурат мегирад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садои Афғоон (Ово) Сайид Маҷиди Мираҳмади, раиси ситоди марказии Арбаъини Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ишора ба ҳузури 30 ҳазор нафарии муҳоҷирони афғонӣ  дар марзи Шаламча ва афзоиши лаҳза ба лаҳзаи онҳо изҳор дошт, ки давлати Ироқ маҳдудиятҳои зиёдеро барои вуруди шаҳрвандони афғонистонӣ дар назар гирифт, ки ин амр сабаби издиҳом дар ин марз шуда аст.

Вай аз зоирон хост, ки то хилват шудани марзи Шаламча, мази Чазобаро ба унвони гузаргоҳи убурии худ интихоб кунанд.

Мираҳмадӣ бо баёни ин ки ҳузури шаҳрвандони Афғонистон дар марзи Шаламча масири хуруҷи зоиронро дучори сусти карда аст гуфт: Барои ин ки мавзуъи марзи Шаламча ҳал шавад ва тарадуд дар ин марз ба шароити оди бозгардад бояд тадобири лозим ҷиҳати сомондиҳии он иттихоз шавад.

 

Бештар бихонед: