Сентябр 23, 2022 18:23 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури густардаи фаластиниён дар Масҷидулақсо
    Ҳузури густардаи фаластиниён дар Масҷидулақсо

Ҳазорон шаҳрванди фаластинӣ барои иқомаи намози субҳи рӯзи ҷумъа дар Масҷидулақсо ва Масҷиди Иброҳимӣ ҳузур ёфтанд.

Ба гузориши Маркази иттилоърасонии Фаластин, ҳазорон нафар аз шаҳрвандони фаластинӣ ба дархости шахсиятҳои диниву исломӣ барои иқомаи намози субҳи рӯзи ҷумъа дар Масҷидулақсо ва Масҷиди Иброҳимӣ дар шаҳри Алхалил, воқеъ дар Каронаи бохтарии рӯди Урдун ҳузур ёфтанд.

Бар асоси ин гузориш, шахсиятҳои диниву исломӣ ва гуруҳҳои фаластинӣ рӯзе пеш тайи фарохонҳое, ҳузури густардаи фаластиниён дар намози субҳу ҷумъаи Масҷидулақсо ба манзури муқобила бо тавтеаҳои шуми ишғолгарон зидди ин макони муқаддасро хостор шуда буданд.

Дар ин гузориш омадааст, саҳюнистҳо тасмим доранд ба муносибати идҳои яҳудӣ ба таври густарда ба Масҷидулақсо юриш бурда ва ойинҳои таламудиро дар дохили он ба ҷой оваранд.

Ҳамчунин гуруҳҳои муқовимати Фаластин ҳузури густардаи шаҳрвандони Каронаи бохтарии рӯди Урдун, Қудси ишғолӣ ва арозии ишғолии 1948 дар Масҷидулақсоро хостор шуданд ва аз кишварҳои исломиву арабӣ ва ҳамаи инсонҳои озодаи ҷаҳон мудохилаи фаврӣ барои ҳифозат аз Қудси ишғолӣ ва Масҷидулақсоро хостор шуданд ва бар пойбандӣ ба дифоъ аз ҳуқуқи мардуми Фаластин бо тамоми абзорҳои мумкин таъкид карданд.