Сентябр 24, 2022 13:10 Asia/Dushanbe
  • Эътилофи саудӣ 182 бор оташбаси Яманро нақз кард

Манобеи яманӣ бомдоди шанбе хабар доданд, Эътилофи саудӣ дар шабонарӯзи гузашта 182 бор оташбаси Яманро нақз кардааст.

Ба гузориши Ал Масира, Эътилофи саудӣ бо анҷоми парвозҳои таҷассусӣ ва шиносоӣ бар фарози устонҳои Маари, Таъиз, Ҷавф, Саъда ва меҳварҳои амалиётии марзӣ оташбаси Созмони Милали Муттаҳидро нақз карданд.

Бар асоси ин гузориш, нерӯҳои Эътилофи саудӣ мавозиъи неруҳои артиш ва кумитаҳои мардумӣ ва ҳамчунин манозили маскӯнии шаҳрвандони яманро ҳадафи ҳамалоти сангини тӯпхонаӣ, ракетӣ ва хумпора қарор доданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Ҳанс Грундберг, намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умӯри Яман ҳудӯди ду моҳи пеш аз тавофуқи тарафҳои яманӣ барои тамдиди 2 моҳаи оташбас хабар дод.

Вай гуфта буд, тамдиди оташбаси Яман дарбаргирандаи таъаҳҳуди тарафҳо барои музокира ба манзури дастёбӣ ба як тавофуқи густардатар аст.

Оташбаси Яман ба дунболи ройзаниҳои Созмони Милали Муттаҳид пеш аз ин як бор тамдид шуда буд. Тамдиди 2 моҳаи ин оташбас 11 мурдодмоҳ ба поён расид, ки муҷаддадан тамдид шуд.

Гуфтанист, оташбаси эълом шуда аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ҳаррӯз аз сӯи Эътилофи мутаҷовизи саудӣ дар Яман нақз мешавад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп